Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони маҳфили «Ихтироъкорони ҷавон»

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ 8 маҳфили гуногун фаъолияти пурсамар дорад.

Чи тавре ки директори марказ Н.Саидов иброз намуд, дар маҳфилҳо хонандагони фаъолу боистеъдод ҷалб гардидаанд. Кори аъзои маҳфилҳои «Чакандӯзӣ», «Ровиёни ҷавон», «Дуредгарӣ», «Адибони ҷавон» шоистаи таҳсин буда, онҳо дар баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, ҳунармандӣ ва фарҳангии сатҳи ноҳиявию вилоятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Чанде пештар дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар озмуни вилоятии «Ихтироъкорони ҷавон» баргузор гардид. Дар озмун хонандагони ихтироъкору навовар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастовардҳояшонро пешкаши ҳакамону тамошобинон гардониданд.

Узви маҳфили «Ихтироъкорони ҷавон»-и Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Дӯстӣ, хонандаи синфи 7-и мактаби №43 Саидашраф Раҳимов барои ихтирои таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ ва хунуккунӣ, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №5 Далер Қурбонов барои ихтирои таҷҳизоти кандакорӣ, хонандаи синфи 11-и мактаби №7 Мавлон Мавлонов барои ихтирои таҷҳизоти пошидани обу дору оиди безарар гардонидани боғу токзорҳо аз ҳашароти зараррасон фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷойҳои якум ва ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш