Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон ба Ватан баргаштанд

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Венетсияи Ҷумҳурии Италия 12-13 майи соли равон 6-умин олимпиадаи байналмилалии HIPPO аз забони англисӣ баргузор гардид. Дар даври аввали олимпиада аз 30 давлати дунё 23 ҳазор довталаб ширкат варзида, 114 нафар дар даври ниҳоии он ҳуқуқи иштирок карданро ба даст оварданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии олимпиада Дилноза Нуралиева, хонандаи  синфи 5-и литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фариза Сатторова, хонандаи  синфи 6-и мактаби хусусии “Гулчини маърифат” дар шаҳри Хуҷанд,  Александр Читян, хонандаи синфи 8-и мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Исматулло Раҳимов, хонандаи синфи 10-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  намояндагӣ намуда, барои ғолибият дар ду даври олимпиада  бо медал ва ифтихорномаҳои фахрӣ  сарфароз  гардонида шуданд.  Хонандаи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Александр Читян барои ишғоли ҷойи дуюм дар даври  ниҳоӣ сазовори медали нуқра гардида, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва васоити ахбори омма ғолибони олимпиадаро 15 майи соли равон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш