Нашрияи Омӯзгор

Ривоҷи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки  рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардида,  корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми манотиқи мамлакат вусъати тоза ёбад.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иншооти зиёде дар ҷумҳурӣ бунёд гардид ва минбаъд ин раванд  бомаром идома хоҳад ёфт.  Боиси хурсандист, ки бунёди иншооти боҳашамат асосан дар деҳоти кишвар  дар назар дошта шудааст, ки  бо амалӣ гардидани онҳо симои деҳоту ноҳияву шаҳр ва умуман,  кишвари азизамон куллан дигаргун ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мегардад. Дар баробари сохтмони иншоооти таъйиноти гуногун  бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ низ дар назар аст. Бо сохта шудани муассисаҳои нави  таълимии замонавӣ фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ба маротиб зиёд гаридида, сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ баланд хоҳад шуд.   Ба ҳар гӯшаву канори мамлакатамон сафар намоем, зуд эҳсос меградад, ки мардуми шарафманди кишвар ба бунёдкорию ободонӣ ҷалб гардида, ҷумҳурӣ рушду тараққӣ ёфтааст.

Боиси хушҳолист, ки кишвари биҳиштосоямон –Тоҷикистон сол то сол  ободу зебо гардидаву иншооти  фарҳангӣ ва мавзеъҳои таърихиамон навсозӣ шуданд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад  ва дар ин замина соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ҷумла, солҳои охир шаҳри Душанбе ба як макони зебои таърихию тамошобоб табдил ёфтаву ин гуна дигаргунию созандагиҳо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар  низ бомаром идома дорад. Инчунин, бо эълон гардидани  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёде дар гӯшаву канори мамлакат анҷом пазируфта шуд. Ҳамин аст, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони  хориҷӣ дар кишвар зиёд гардида,   тибқи назарсанҷии созмонҳои ҷаҳонӣ оид ба рушди сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешсаф  қарор мегирад.  Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар тамоми дунё яке аз соҳаҳои даромаднок ба ҳисоб меравад, ки даромади солонаи кишварҳо аз ин ҳисоб ба миллиардҳо доллар баробар мешавад.  Ҷумҳурии  мо  дорои таъриху фарҳанги ғанӣ ва захираҳои табиӣ мебошад, ки ин ҳама омили асоси рушди сайёҳӣ мебошанд. Шоистаи таъкид аст, ки дар баробари сайёҳии хориҷӣ сайёҳии дохилӣ низ рушд ёфт, зеро роҳҳои ҳамвору ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ имкони  сафар дар чор фасли сол ба гӯшаву канори мамлакатро фароҳам овардаанд.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Баҳри равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии кишвар коргоҳҳои наву замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар баробари эҳё намудани ҳунарҳо мардум бештар соҳибкасб гардида, дар муаррифии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир мегузоранд.

 

Гулсара ХОҶАСАИДОВА,

омӯзгори физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш