Нашрияи Омӯзгор

Зинда бош, эй Ватан!

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 874        Шарҳ: 0

 

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон таърихи давлатдорӣ, муборизаҳои фарзандони миллат баҳри озодию истиқлолият, ваҳдатофариву сулҳдӯстии тоҷикон, пайрави илму дониш будани халқи тоҷик, кишвари офтобрӯя будани Тоҷикистон, инсондӯстӣ, эҳтироми модар-ватан, марзу бум, сарсабзию хуррамии мамлакат, меҳнатдӯстӣ ва умуман, ормонҳои ниёгони халқи тоҷикро дар худ таҷассум менамояд.

Яке аз рамзҳои давлатӣ Суруди миллӣ мебошад. Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки мо дар давраи Шӯравӣ бо матни устод Абулқосим Лоҳутӣ суруди давлатӣ ва ё ба ибораи ҳамон замон, Гимни давлатии худро доштем. Аммо ин гимн ба таври комил ормонҳои миллии моро ифода намекард. Аз ин рӯ, онро наметавон Суруди миллӣ номид.

Барои муайян намудани Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта миёни адибони кишвар озмун эълон  шуд. Натиҷаи озмун баъди баҳогузории ҳайати комиссия ва Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Пасон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 сентябри 1994, таҳти №1074 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Баъдан муайян шуд, ки матни ба озмун пешниҳод намудаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Гулназар Келдӣ ғолиб дониста шуда, ба сифати Суруди миллии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ мисраъ ба мисраъ таваҷҷуҳ намуда, мазмунан дар шеър ба таърих, озодӣ, умеди дурахшандагӣ, арҷгузорӣ. ситоиши Ватан муроҷиат кардааст.

9 сентябри соли 1991  дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, аз ҷумла, «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави  мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

Дар борабари ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон чун анъанаи давлатдорӣ он бояд дорои рамзҳои худ, ба хусус, Суруди миллӣ бошад. Яке аз аввалин санади ҳуқуқие, ки дар он номгӯи рамзҳои давлатӣ бо шумули Суруди миллӣ ҳамчун нишони асосии давлатдорӣ зикр шуда буд, «Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад.

Дуюмин ҳуҷҷати ҳуқуқие, ки барои таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 1991 ба шумор меравад.

Ибтидои солҳои 90-ум асри сипаришуда мамлакат ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Қувваю гурӯҳҳои алоҳида баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки хеш мардумро мубталои сарсонию оворагӣ намуданд. Хатари парокандашавии миллату давлати тоҷик бори дигар баръало эҳсос мегардид. Новобаста аз мушкилиҳои зикршуда, афроди огоҳу хирадманде боз пайдо шуданд, ки бо умеди ояндаи неки давлати навбунёди тоҷикон аз паи таҳия ва қабули рамзҳои давлатӣ шуданд.

Неруҳои солими ҷомеа  дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд (ноябри  соли 1992) аввалин рамзҳои давлатӣ, ба монанди Нишони давлатӣ ва Парчамро муҳокима ва қабул намуданд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили эшон ва кулли мардуми шарифи тоҷик умеди неке ба ояндаи дурахшони Ватанро бедор намуд.

Баҳс оид ба интихоб ва қабули Суруди миллӣ идома ёфт. Барои муҳокимаи матни сурудҳои ба озмун воридгардида ҳайати доварони салоҳиятдор борҳо гирд омада буданд. То аввали моҳи августи соли 1992 ба унвони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 матн ва 10 оҳанг ба сурудҳо расид. Аз байни онҳо 14 матни бештари овозҳоро гирифта барои иштирок дар даври дуюм ҳуқуқ пайдо намуданд.

Бо сабабҳои воқеӣ озмуни суруди давлатӣ ҷамъбаст нагардид. Аз ин рӯ, лозим дониста шуд, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ» аз 12 ноябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Комиссияи Шӯрои олиро оид ба таҳияи таҳрири нави матни оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, қарор намуд, ки озмуни таҳрири нави матн ва оҳанги Суруди давлатӣ то 15 майи соли 1994 тамдид шавад. Мувофиқи Низомномаи таҳриршуда матни суруд бидуни оҳанг то 15 апрел, матн ва оҳанги суруде, ки дар ҳамкории шоиру оҳангсоз офарида мешавад, то 15 май қабул карда шуданд.

Натиҷаи озмун баъди баҳогузории ҳайати комиссия ва Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 сентябри соли 1994, таҳти №1074 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба имзо расид.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар давраи Шӯравӣ Тоҷикистон соҳиби суруди, дар воқеъ, миллӣ набуд. Он замон бо номи гимн матне дар чорабиниҳои сиёсию давлати садо медод, ки мазмуни он рӯҳияи миллӣ надошт. Ормонҳои таърихии миллати мо дар он таҷассум наёфта буданд.

…Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 25-сола шуд ва онро чаҳор як аср боз  хурду калони мамлакат бо ифтихор, даст ба рӯи сина месароянд.

Дар моддаи 3-и Конститутсия чунин оварда шудааст: «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ аст».

Бо мақсади дуруст истифода бурдан аз Суруди миллӣ ҳамчун як муқаддасоти миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 11 декабри соли 1999, №888) қабул шуд.

Соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасдиқ расид, ки ба ҷиҳатҳои ҳуқуқии истифодаи рамзҳои давлатиро ба  низоми нав даровард.

Суруди миллӣ маром ва ифтихори мост.

 

Латофат Келдиева,

омӯзгори гимназияи №9 ба номи

Низомии шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш