Аз 1 то 9 ноябри соли ҷорӣ даври дуюми олимпиадаи хонандагони синфҳои 9, 10,11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар олимпиада аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 литсей ва гимназияҳои ноҳия 1140 нафар хонанда иштирок намуданд. Иштирокчиёни олимпиада аз рӯи 12 номгӯи фанҳои таълимӣ байни худ мусобиқа намуда, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварданд.
Дар олимпиадаи ноҳиявӣ дар қатори хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, бори аввал хонандагони фаъоли муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Аз ҷумла, 30 нафар хонандаи синфҳои 9, 24 нафар хонандаи синфҳои 10 ва 12 нафар хонандаи синфҳои 11-и хонандагони литсейи навтаъсисёфта бо ҳамсабақони худ аз литсейҳои №1, «Роҳнамо», литсейи №14, назди филиали МГУ-и шаҳри Москва ва гимназияи №9 сабқат намуданд. Дар ҷараёни олимпиада иштирокчиёни он аз фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия – кори хаттӣ, луғат, тест; аз фанҳои биология, география, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон супоришҳои тестиро иҷро намуда, натиҷагирӣ карданд.
Ҳайати ҳакамони олимпиада ба дониши хонандагони литсей баҳои арзанда доданд. Аз шумораи 66 нафар иштироккунанда дар олимпиадаи ноҳиявӣ 9 нафар ба гирифтани ҷойи 1, 5 нафар ҷойи 2 ва 15 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд.
Т.ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори литсейи №3 барои
хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр