Нашрияи Омӯзгор

Роботе, ки 16 амалро иҷро мекунад

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Бори нахуст дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ғолибони даври интихобии озмуни ихтироъкорони наврас  Парвиз Очилзода – хонандаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд, Нафиса Қобилзода - хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон» таҳти роҳбарии  Фирдавс Ашӯрматов - директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ  сафарбар гардиданд.

 Озмуни сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони  197 кишвари олам тайи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии «Фестивал Арена Дубай» давом кард.  Озмуни  ҷаҳонии «Роботтехника» аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши «Стратегия» байни ҳарифони худ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид.  Дар бахши «Робот - инжинеринг» даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд. Ин дастовард аввалин комёбии мактабиёни кишвар дар  сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ин ришта маҳсуб мегардад.

Муваффақияти дигари дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии «First global» шомил шудани он мебошад. Ин амр имкон медиҳад, ки ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд.

Инчунин, дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида,  аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё, «Эмар»-и шаҳри Дубай ва «The first group»-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид. Минбаъд дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар доираи олимпиадаи ҷаҳонӣ форуми дӯстии халқҳои олам баргузор карда шуд ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дӯстони худ аз кишварҳои гуногун музокираҳо барпо намуданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш