Нашрияи Омӯзгор

Дилфуза Ҳоҷиева - ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол”-и ДДҲБСТ

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол” баргузор шуд. Аз ҷониби садорати факултаҳо донишҷӯёне, ки дар сатҳи факултавӣ маҳорату малакаи баланд нишон додаанд, ба даври донишгоҳӣ пешниҳод шуданд. Тибқи низомнома дар бораи ташкил ва баргузор кардани озмуни “Донишҷӯи сол” дар ДДҲБСТ довталабон аз рӯи шартҳои навиштани эссе, супоридани имтиҳон дар Маркази тестии донишгоҳ аз панҷ фанни таълимӣ, худмуаррифӣ, сатҳи дониши тахассусӣ, забондонӣ ва сатҳи донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳайати ҳакамон донишҷӯи соли 3 - юми факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Дилфуза Ҳоҷиеваро ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол” дар донишгоҳ эълон карданд.

Ғолиби даври донишгоҳии озмуни мазкур дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол” ДДҲБСТ-ро муаррифӣ менамояд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш