Нашрияи Омӯзгор

Дар меҳмонии донишҷӯён

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи ИМН Масъуди Сипанд ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард.

Дар донишгоҳ чорабинии илмию адабӣ бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар эҳёи тамаддуни ориёӣ” бо иштироки ин адиби хушзавқ бо доираи васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар мавриди хидматҳои Сарвари давлат Масъуди Сипанд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Амрикову Аврупо ва дар дигар кишварҳои рӯи олам маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд Эмомалӣ Раҳмон мардест тавоно, ки тавонистааст пеши роҳи нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад.

Адиб бо ёдоварӣ аз санаҳои таърихиву фархундаи Тоҷикистон шеърҳои ватандӯстона қироат намуд. Ёдовар мешавем, ки шеъри машҳури “Ман ориёиям” ба қалами Масъуди Сипанд тааллуқ дорад ва он борҳо аз ҷониби сарояндагони маҳбуби кишвар сароида шудааст. Суҳбати самимӣ бо ин шоири ширинсухан ва адиби хушзавқ дар сатҳи баланд ва хотирмон анҷом пазируфт.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш