Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти наврасон ва рушди иҷтимоии онҳо

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

14 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон-Душанбе” конфронс таҳти унвони “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, кумитаҳои кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, Маркази таълимии ҷумҳуриявии клиникии тибби оилавӣ, шуъбаҳои тиббӣ-машваратии ҷавонон, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар, инчунин, намояндагон аз ташкилотҳои ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон», «Маркази дастгирии психологӣ», «Ҷамъияти психологҳо ва психотерапевтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳамсол ба ҳамсол», «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» ва «Гули сурх» ширкат варзиданд.

Лучиано Калестини қайд кард, ки мақсад аз ҳамоиши мазкур муаррифии натиҷаҳои Барномаи «Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо» мебошад, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Масъалаи солимии равонии наврасон масъалаи глобалист, аз ин рӯ, ЮНИСЕФ дар оянда низ омода аст баҳри татбиқи барномаҳо оид ба солимии наврасону ҷавонон бо Вазорати маориф ва илм ҳамкории худро давом диҳад.

Раҳматулло Мирбобоев гуфт, ки масъалаи солимии равонии наврасон дар замони муосир мавзӯи доғи рӯз мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 246 миллион наврас дучори таҳқир дар мактаб мегарданд. Ин яке аз масъалаҳои хеле мубрамест, ки метавонад дар ниҳояти кор ба худкушии наврас  боис гардад. Албатта, ин ҳолатҳоро мо дар мактабҳои худамон низ истисно намекунем. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем, ки чунин масъалаҳо сари вақт роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.

Қутбиддин Муҳиддинов вобаста ба мавзӯи  «ҳифзи солимии равонӣ ва рӯҳии наврасон ва пешгирии рафтори худкушӣ дар шаҳру ноҳияҳои озмоишии Барномаи «Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо» иброз дошт, ки моҳи декабри соли 2016 аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миллии «Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” оғоз гардид, ки бо тамаркуз ба беҳбуди солимии равонии наврасон дар кишвар тавассути такмили системаи дастгирии психологии духтарон ва писарони наврас дар соҳаи маориф ва тандурустӣ равона шудааст. Натиҷаҳои татбиқи ин барнома айни замон назаррасанд, зеро нишондиҳандаҳои худкушии наврасону ҷавонон хеле коҳиш ёфтаанд.

Сардори шуъбаи рушд ва иштироки наврасони намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Ҳоҷиев дар мавриди «Солимии наврасон: моҳият ва зарурати хизматрасониҳои марбут ба ниёз» зикр кард, ки наврасӣ (10 - 19 - солагӣ) давраи хоси ҳаёти инсон аст. Ин давраи синну солиест, ки дар он кӯдакон аз ҷиҳати саломатӣ бештар осебпазир мегарданд. Инчунин, одат ва падидаҳои ахлоқии наврасон дар ин давра ташаккул меёбад, ки ба саломатии онҳо дар давраи минбаъдаи ҳаёташон таъсири ҷиддӣ мегузоранд.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ёрии психологӣ”, устоди кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Нафиса Юнусова дар мавзӯи «Баҳодиҳӣ ба хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимии озмоишӣ бо дарназардошти дарку қабул аз ҷониби наврасон» изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ёрии психологӣ” бо ЮНИСЕФ раванди иҷрои лоиҳаи “Ташкили системаи расонидани ёрии психологӣ ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки давоми лоиҳаи “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо, бо дарназардошти саломатии равонӣ” мебошад, санҷида шуд. Ҳадафи он баҳодиҳӣ ба хизматрасонии мутахассисони соҳаи равоншиносӣ дар муассисаҳои таълимии озмоишии вилояти Суғд буд… Фикр мекунам, ки дар шароити имрӯза ташкили хадамоти махсуси равоншиносон дар назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ талаби замон мебошад.

Намоянда аз «Ҷамъияти психологҳо ва психотерапевтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сайфиддин Расулов тавзеҳ бахшид, ки вазифаҳои барнома аз такмили дониш ва малакаҳои мутахассисони маҳаллӣ, таҳия намудани санадҳои меъёрӣ ва маводи методӣ иборат буд. Давомнокии он 9 моҳро дар бар гирифта, дар 9 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ амалӣ гардид. Дар давраи татбиқи барнома чунин мушкилиҳо, аз қабили сарбории бениҳоят зиёди корӣ, набудани системаи бозравонасозӣ ва марказҳои буҳронӣ, стрессорҳои мактабӣ, сатҳи пасти касбият ва синну соли болои мутахассисон ба чашм расиданд.

Корманди «Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ-омӯзиши тибби оилавӣ» Фирдавс Рауфов таъкид намуд, ки дар раванди расонидани кумак ба наврасон ва татбиқи барнома баъзе мушкилиҳо, ба монанди набудани ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани суҳбат бо наврасон, риоя нагардидани қабули наврасон дар алоҳидагӣ, мавҷуд набудани ҷевони алоҳида ва ё сейф барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои наврасон, хуб ба роҳ намондани талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, бетаваҷҷуҳии табибони беморхонаҳо ба ҳолатҳои равонии наврасон, паст будани дастрасӣ ба табобати равонпизишкии наврасон дар аксари минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ мушоҳида шуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони конфронс дурнамои татбиқи барномаи мазкурро муҳокима ва арзёбӣ карданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»  

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш