Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

15 майи соли равон пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сатҳи баланди дастовардҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро қадр мекунад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ин ҳамкорӣ мебошад.

Айни ҳол заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро беш аз 80 санади муҳим танзим менамояд, ки бахшҳову соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бар мегирад.

Ҷонибҳо имзои бастаи нави санадҳои ҳамкориро, ки имрӯз дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон қабул мегарданд, омили таконбахши рушду густариши муносибатҳои ояндадори ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории фаъолонаи Ҷумҳурии Белорусро оид ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” махсус таъкид карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҳайати Беларус дар Конфронси сатҳи олӣ оид ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои даҳсолаи нави об, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба мавқеъи кишварҳояшон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, нигоҳдории якҷояи сулҳ ва амният дар минтақа, тағйиёрбии иқлим ва пайомадҳои он, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ табодули андеша карданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кумаки шарикон дар масъалаҳои пурзӯр кардани заминаи моддию техникии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарур аст.

Дар фарҷоми музокирот маросими имзои бастаи санадҳои дуҷониба, ки аз 15 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Изҳороти муштаракро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко як даста  санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд, ки:

- Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;

- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус;

- Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Беларус аз ҷумлаи онҳо буданд.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Prezident.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш