Нашрияи Омӯзгор

Табиат - давобахши ҷисму ҷони мо

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми баргузории машғулиятҳо аз фанни ботаника дар синфҳои 5-6 ман баҳри аз наздик шиносоӣ пайдо кардани хонандагон бо муҳити атроф, гулу гиёҳҳои гуногун алафҳои яксолаю бисёрсола, буттаҳо, гулу растаниҳои ороишӣ ва амсоли ин бештар кӯшиш мекунам, ки зуд-зуд саёҳатҳои фаннӣ (экскурсияҳо) ташкил намоям. Зимни саёҳат ба мавзеъҳои табии деҳот ба хонандагон дар бораи гиёҳҳои давоӣ маълумот медиҳам. Яке аз гиёҳҳое, ки дар маҳаллаҳои  кӯҳистон ва водиҳо фаровон мерӯяд, ин талхшувоқ (тахач) мебошад. Тахач дар канори ҷӯю наҳрҳо ва ҳотаю ҳавлиҳо месабзад. Дар тиб барои табобати захми меъда, поксозии бадан аз хилтҳо, зардаҷӯш, дарди гулӯ ва неруманд шудани организми инсон талхшувоқ васеъ истифода бурда мешавад. Аз тахач шираашро гирифта, барои рафъи дарди дандон ва гӯш маъҷун тайёр мекунанд. Гиёҳи дигари давоӣ кокутӣ (кийкутӣ ҳам мегӯянд) ба шумор меравад. Аз кокутӣ чой омода мекунанд ва нӯшидани он асабро ором, табъро чоқ мегардонад. Кокутӣ  воситаи хуби ҳазми ғизо мебошад. Барои бартараф кардани дарди рӯдаҳо, вараму қабзияти рӯдаи ғафс, пешгирии варами гурда давои хубест. Заргулак баҳорону тобистон дар байни гандумзор, майдони юнучқа, лаб-лаби наҳру ҷӯйҳо мерӯяд. Ин гиёҳ барои шифо бахшидан ба одамоне, ки ба бемории зарпарварин мубтало шудаанд, тавсия карда мешавад. Чойе, ки аз заргулак тайёр карда мешавад, дар беҳбуд бахшидани варамҳои дарунӣ ва рафъи рутубату хунукӣ манфиати калон дорад. Гиёҳи  хеле паҳншудаи дигар ин ҳазориспанд мебошад, ки онро испанд ҳам меноманд, ки аз қавли мардум, ба ҳазор дард даво мебошад. Хуллас, ҳангоми саёҳати фаннӣ хонандагон на танҳо бо хусусиятҳои шифоии гулу гиёҳ ва  растаниҳо шинос мешавад, балки ин гиёҳу алафҳоро ҷамъоварӣ намуда, аз он гербарӣ тайёр мекунанд ва дар дарсҳо истифода мебарад.

Малика Раҷаббекова,

омӯзгори гимназияи №74,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш