Нашрияи Омӯзгор

Дар осорхонаи устод Айнӣ

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш дар Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бо  раҳбарии омӯзгори дараҷаи олӣ Саодат Ҷӯраева конференсияи илмию адабии хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 75-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар конференсия хонандагон Дмитрий Шевкопляс оид ба муносибати Айнӣ  бо Горкий, Парвина Алтибаева дар хусуси робитаи Айнӣ бо ғафур ғулом, Гулноз Абдураҳимова дар бораи образҳои меҳварии “Ёддоштҳо” суханронӣ карданд. Мансур қурбонов, Азиза Холова ва чанд нафари дигар аз шеърҳои устод намунаҳо қироат карданд.  Дар конференсия, ҳамчунин, ходимони илмии осорхона ва абераи устод Айнӣ Шердил Каримов дар хусуси муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагонии устод Айнӣ суханронӣ карданд. 

Фархунда


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш