Нашрияи Омӯзгор

Хусусияти баргҳо

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 865        Шарҳ: 0

 

Барги растаниҳо яке аз боигариҳои хоси табиат ба шумор меравад. Баргҳо аз ҷиҳати сохт, шакл, ранг ва андозаашон гуногун мешаванд.

Дар таркиби  баргҳо, об, қанд, йод, витаминҳо ва пигментҳои ҷилодиҳанда мавҷуд мебошад. Баргҳо бӯю шакли зебо доранд ва аз онҳо атриёт, собун, шампун, крем, хамираи дандоншӯӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор тайёр мекунанд. Аз ҷиҳати бӯйи зебояшон метавонем дар  хӯрок истифода бурда, аз онҳо доруҳои гуногун барои якчанд намуди беморӣ истеҳсол намоем. Дар санъати рассомӣ низ рангҳои аз баргҳо тайёршуда истифода бурда мешавад. Ин намуд рангҳо дар тасвири расмҳо муддати тӯлонӣ ҷило ва ранги худро гум намекунанд. Аммо намуди баргҳои заҳрноке дар минтақаҳои гуногун мерӯянд, ки онҳоро чун доруворӣ истифода мебаранд ва истеъмоли аз меъёр зиёди он таъсири  манфӣ мерасонад. Масалан, кӯкноргиёҳ, лолаарӯсак, гули назла, тутакалӣ ва ғайраҳо.

Баргҳои дарахтони тӯс, сафедор, тут, чинор, бед ва ғайраҳоро баъди хушконидан оби даруни баргҳояшон бухор шуда, дар таркиби баргҳо чӯбро дидан мумкин аст. Аз ин намуд чӯб қалам тайёр мешавад ва ин қалам хеле мулоим буда, дар таркибаш равған мавҷуд мебошад. Ин гуна қаламро  тез кардан қулай мебошад. Аз баргҳои ҳаҷман калони хушконидашуда пӯстлохи даруни он оҳиста-оҳиста аз бадани барг ҷудо шуда, шакли барг ба элак ё тӯр монанд мешаванд. Мо метавонем ин шакли тӯрмонанди баргро дар ороиши пойафзолҳои занона истифода барем ва ин шакли пойафзол дар фасли тобистон муфид мебошад, зеро ин гуна пойафзолҳо ҳаворо нағз гузаронида, пойҳоро аз ҳар гуна касалии пӯст ё омоси нохуни пой эмин медоранд.

Агар шохаҳои дарахти чормағз, чинор ва бедро бо баргҳояшон хушк намуда, дар таги деги на он қадар калон оташ монда, хӯрок пазем, дар зери дег сиёҳии оташ боқӣ мемонад. Бо коғаз ҳамаи сиёҳиҳоро ҷамъ карда, аз элак гузаронем, ба сурмаи табиӣ мубаддал мегардад. Ин намуд сурма ба чашмони шумо зебоӣ, равшанӣ ва пардаи чашмро ғафс шудан намемонад. Дар Африқо, Ветнам ва мамлакатҳое, ки иқлимашон хеле гарм аст, аз баргҳои ҳаҷман калон ва паҳн дар бомҳои хонаҳояшон, ки боришоти борон бисёр аст, ҳамчун болопӯш истифода мебаранд.

 

Заррина Қурбонова,

омӯзгори гимназияи ба номи А.Балъамии

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш