Нашрияи Омӯзгор

Нусрату фатҳ пешёри ту бод!

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ман аз рӯзҳои аввали роҳбариям ҳаросе дар дил доштам, ки оё ба ин мактаби бузург, ки теъдоди шогирдонаш қариб ба 3 ҳазор мерасад, роҳбарӣ карда метавониста бошам?

Албатта, роҳбарии муассисаи бузург  масъулияти баландро тақозо мекунад ва хушбахтона, тӯли чанд сол аст, ки коллективи хуби омӯзгорон дорам. Онҳо  ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса дошта, сатҳу сифати таълимро мунтазам   баланд мебардоранд, ҳар рӯз бо як дилгармӣ ба мактаб омада ба шогирдон дарси худшиносию ватанпарварӣ медиҳанд.  Бо назардошти “Барномаи фаъолияти тарбиявӣ” дар мактаб зуд- зуд чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ гузаронда мешавад. Ман аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва аз омӯзгорони забону адабиёт ҳамеша тақозо мекунам, ки шогирдонро бештар ба хондани  китобҳои  бадеӣ дилгарм созанд, то аз манфиати китобхонӣ бархӯрдор гарданд. ҳамин буд, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” шогирди синфи якуми мактаб Иброҳим ба ҷои аввал дар миёни мактабҳои ноҳия сазовор гашт. Ногуфта намонад, ки Иброҳим “Шоҳнома” - ро азёд медонад ва ҳамчунин, бо эҷоди аксар шуарои классикӣ ва муосир ошноӣ дорад. ғазалиёти  ҳофиз ва Саъдиро ҳам азёд медонаду ҳам бо оҳанг замзама мекунад, ки ин ҳама  аз заҳмати омӯзгораш дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки муассисаи мо аз ғамхорию дастгирии  шаҳрдорӣ бархӯрдор аст. ҳамин сол таълимгоҳ хеле тармими хуб карда шуд, ки чашм аз зебоии он нур мегираду дил сурур. Муассиса ҳоло дорои кабинетҳои фаннӣ, толори маҷлис, майдончаи варзиш ва ошхонаи барҳавову китобхона мебошад, ки ҳама дар хизмати толибилмонанд.

... Ҳар субҳ ба муассисаи тармимшудаву зебоям меравам ва таманно мекунам, ки имрӯз низ мисли рӯзҳои дигар амну амонӣ бошад, садои  хандаи шогирдон ба гӯш бирасад. Устоду шогирд миёни ҷомеа эҳтиром дошта бошанд, касе болои каси дигар зӯрӣ накунад, зеро зиндагӣ гузаргоҳи дӯст доштану эҳтироми ҳамдигар аст.

Шом  чун ба хона бармегардам, боз байти мададбахшу раҳнамои устод Рӯдакӣ ба ёдам мерасад:

Бахту давлат, ки пешкори туянд,

Нусрату фатҳ пешёри ту бод!

Гулнисо Раҷабалиева

директори мактаби №93, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш