Нашрияи Омӯзгор

Горкий - адиби бузург

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки солҳои 20-30-юми асри XX барои собиқ мамлакати паҳновари Шӯравӣ давраи аз як сохт ба сохти дигар гузаштани ҳукуматдорӣ, таҷдиду азнавсозии ҳаёти иқтисодӣ, саноат, маориф ва илм маҳсуб меёфт. Дар саргаҳи адабиёти шӯравии рус адибони бузурге, чун А.М.Горкий, Вл. Маяковский, С.Есенин. А.Серафимович, М.Шолохов, М.Колсов ва дигарон меистанд. Хидмати нависандаи барҷаста М.Горкий дар ин байн дар адабиёти рус, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони нав, инъикоси ҳаёти синфи коргару деҳқон, офаридани образҳои муҳташаму мондагор алоҳида мебошад. Горкий дар айёми кӯдакии худ ҳаёти вазнину пурмашаққатеро аз сар гузаронида, дар тарбияи бобояш Каширин аз мактаби ҷиддию «бераҳм»-и зиндагӣ гузашт.  Горкий азобҳои зиёд кашида, шабона дар болохона (чердак), дар рӯшноии шамъи хирасӯз ба мутолиаю омӯзиши осори адибон машғул мешудааст. Ҳамин омӯзишҳо дар рушди маънавии нависандаи оянда таъсири файзбахш расонданд.  Горкий ҳикояҳои – «Бобо Архип ва Лёнка», «Кампир Изергил», «Макар Чудра», «Таронаи мурғи  тӯфон»-ро навишта, таваҷҷуҳи шоҳсутунҳои  адабиёти рус Л.Толстой ва А.Чеховро ба худ ҷалб намуд. Дар рушди минбаъдаи эҷодиёти Горкий Толстой ва Чехов бо маслиҳату ҳидоятҳои худ нақши барҷастае бозидаанд. Ҳамин буд, ки Горкий баъдтар романи шоҳкори худ- «Модар» ва асарҳои «Зиндагии Клим Самгин», «Кори Артамановҳо», драмаи «Дар қаър»-ро навишт, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Горкий худро адиби пролетарӣ меномид ва тамоми ҳаёту эҷодиёти худро ба тасвиру инъикоси зиндагии босаодату хуррамонаи мардумони одии заҳматкаш бахшидааст.

Гулрӯ Раҳматуллоева,

омӯзгори калони кафедраи таҳсилоти

томактабии ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш