Нашрияи Омӯзгор

Фазилатҳои тирамоҳи заррин

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 1268        Шарҳ: 0

 

Тирамоҳ яке аз фаслҳои зебои сол ба шумор меравад. Дар ин фасли сол табиат пероҳани назаррабое ба бар мекунад. Ин фаслро «тирамоҳи заррин» низ меноманд. Дар фасли тирамоҳ марди деҳқон киштаҳои худро ҷамъоварӣ ва ба тамоми бозорҳои диёрамон равона мекунад. Аз файзи меҳнати деҳқон дастархони ҳар як хонадон пурнозу неъмат мегардад.

Дар ин фасл баргҳои дарахтон зард шуда мерезанд ва айёми боронҳо сар мешавад.

Фасли тирамоҳ фасли зебо, пурфайзу бобаракат барои пиру барно мебошад. Аз ин рӯ, мо, мураббиёни кӯдакистонҳо, дар фасли тирамоҳ якчанд ҷашну чорабинӣ мегузаронем. Кӯдакони мо бахшида ба ин чорабиниҳо шеъру чистонҳо, бозиҳо ва саҳначаҳо омода мекунанд. Дар кӯдакистони мо аз рӯи нақшаи солона идҳои тирамоҳӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида мешаванд. Дар ин фасл ҷашнҳои зерин таҷлил мегарданд: Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, Ҷашни Меҳргон, Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мо, мураббиён, зимни машғулиятҳои таълимӣ мавзӯъҳоеро интихоб мекунем, ки ба фасли сол ва чорабиниҳое, ки ба ҳамин айём баргузор мешаванд (дар боло номбар шуд), мувофиқ бошанд.

Масалан, ман дар яке аз машғулиятҳоям, ки ба инкишофи нутқи кӯдакон мусоидат бояд мекард, шеърҳоро дар бораи меваю сабзавот интихоб намудам. Вобаста ба ин зимни машғулият дар бораи фасли тирамоҳ ва нозу неъматҳои он ба кӯдакон маълумот медиҳам. Намуна:

Анори дона – дона,

Дилафрӯзу дулона.

Харбузаҳои ширин,

Себаки сурхи хона.

Дар машғулиятҳои мусиқӣ (шеъри «Шамолаки тирамоҳ»):

Шамолаки тирамоҳ

Хунук хӯрда сари мо,

Пурсид аз зарангу бед,

Булуту тути сафед.

Пӯшонед аз барги худ

Ҷомача бар танам зуд.

Дарахтон розӣ шуданд,

Барги хазон рехтанд.

Омад фасли хазонрез,

Эй барги тиллоӣ, рез.

Ин шеърпораҳоро кӯдакон бо шавқи баланд мехонанду азёд мекунанд.

Дар машғулияти расмкашӣ ман тасвири баргҳои тирамоҳиро ба нақша мегирам. Пас аз кори амалӣ ба кӯдакон оид ба мавзӯъ маълумот медиҳам.

Дар вақти сайругашт ҳамроҳи кӯдакон дарахтон, меваю сабзавот, баргҳои хушкшудаи тирамоҳиро мушоҳида мекунем. Аз онҳо дастаҳо тайёр мекунем ва дар «Гӯшаи табиат»-и гурӯҳи худ мегузорем. Ин амал барои бачаҳо бисёр хушоянд мебошад.

Хулоса, тирамоҳ барои мо, мураббиён, фаслест, ки ба бештар шавқовар гаштани машғулиятҳо мусоидат мекунад.

 

Зарринамо АКБАРОВА,

мураббии ширхоргоҳ -

кӯдакистони №117-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш