Нашрияи Омӯзгор

Ободии ҷомеа аз ободии мактаб аст

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 августи соли 2011 дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар зарфи 8 сол муассиса дар ҷумҳурӣ, дар байни мактабҳои Президентӣ мақоми дувумро соҳиб гардид.

Дар бораи фаъолияти пурсамари муассисаи таълимӣ сарвари мактаби Президентӣ Шодигул Қонунзода чунин изҳор дошт: 

- Дар мактаб 974 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои таҳсил дар он пояҳои моддии устувор ва беҳтарин шароитҳо муҳайёст. Синфхонаҳои замонавӣ ва кабинетҳои муҷаҳҳаз дар ихтиёри хонандагону омӯзгорон қарор доранд.

Айни ҳол дар ҳудуди мактаб сохтмони майдончаи варзишӣ идома дорад. Дар шафати бинои асосии мактаб 20 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва хобгоҳ барои 220 хонанда, ки имрӯз аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ин макони маърифат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ҷойгиранд. Хонандагон дар давоми рӯз 3 маротиба бо хӯроки гарм таъмин буда,  дар хобгоҳ дар зери назорати 10 мураббӣ қарор доранд.

Таҳсил дар мактаб бо се забон: русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Ҷанбаи дигари фарқкунандаи муассисаи мо аз дигар мактабҳо дар он аст, ки хонандагон бояд ҳатман соҳиби дастовардҳо бошанд. Аллакай хонандагон аз синфҳои 4, 5, 6 ба корҳои илмӣ, ихтироот ва навоварӣ даст мезананд.

Дар муддати се соли охир шогирдони мактаб дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ баромад намуда, бо 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз зинаҳои аввал хонандагонро ба илмомӯзӣ ҷалб намоем. Бо ин ният имсол барои хонандагони синфҳои 1 ва 2 дарси математикаи мантиқӣ ва барои синфҳои 3- 4 дарсҳои компютерро ба роҳ мондем. Инчунин, барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон маркази тес-тии дохилимактабиро таъсис додем.

Соли ҷорӣ аз 74 нафар хатмкунанда 73 нафарашон ба макотиби олӣ, аз ҷумла, 26 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат дохил шуданд. Умуман, дар тӯли се соли охир аз ҷумлаи хатмкунандагони мактаб 96-98 фоиз ба муассисаҳои олӣ дохил шуданд. Мо аз он фахр дорем, ки имрӯз шогирдонамон дар мамолики хориҷ, аз ҷумла, Англия, ИМА, Индонезия, Полша, Эрон, Ҳиндустон, Россия, Чин, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон такмили дониш мекунанд.

Хушбахтона, барои ба таҳсили хуб фаро гирифтани хонандагон муассисаи мо омӯзгорони ботаҷрибаву соҳиблаёқат дорад. Омӯзгори забони русӣ Нилуфар Сабоиева дар озмуни «Муаллимаи сол» дар ҷумҳурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойи дувум гардид.

Дар ҷомеае, ки омӯзгор соҳиби обруву эътибор аст, ҷомеа метавонад, пеш равад. Агар мо имрӯз орзуи давлати поянда – ҷомеаи солим,дошта бошем, дар ин сурат давлат бояд рӯ ба мактаб ниҳад. Агар мактаб пеш равад, ҷомеа ҳам пеш хоҳад рафт.

 

С. ЛАШКАРБЕКОВА,

шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш