Нашрияи Омӯзгор

Комёбӣ дар ҳамбастагист

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

 

Дуруст тарбия намудани насли нав-рас мустаҳкам намудани пойдевори бузурги давлату миллат аст. Ин масъулияти бузург ба дӯши омӯзгорон гузошта шудааст.

Дар тамоми давру замонҳо таълиму тарбия ва риояи одоби муошират дар мадди аввал қарор дошт. Илми педагогика яке аз манбаъҳои ба эътидол овардани таълиму тарбия ба ҳисоб меравад.

Чунон ки шайх Саъдӣ мегӯяд: «Тарбият яксон аст, аммо истеъдод мухталиф».

Бештари наврасону ҷавонони имрӯза бо дарки масъулият ва завқи беандоза пайи омӯзиши илму дониш ва ҳунар талош мекунанд.

Ғазолӣ мегӯяд: «Кӯдак ҳамчун саҳифаи нонавишта, чун гавҳарест нақшпазир, чун замин пок аст ва ҳар тухм, ки бар вай афканӣ бирӯяд, агар тухми некӣ афканӣ, ба саодати дунё расад ва падару модару устод дар он савоб шарик бошанд ва агар бар хилофи он бошад, ҳар чӣ бар вай равад, шарик бошанд».

Тавре мебинем, падару модару устод дар якҷоягӣ барои ба саодат расидани кӯдак масъулу саҳмгузоранд.

Дар раванди таълим дар баробари омӯзиши фан ба тарбияи ахлоқии хонанда диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Масалан, дар дарси адабиёт ҳар як мисраъ, ҳар як ҷумла инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Агар устод аз ҳамаи ин нуктасанҷона истифода барад, шогирд аз дарс ба дарс, қадам ба қадам тағйир ёфтан мегирад.

Пешравӣ ва рушду нумуи имрӯзаи ҷомеа моро водор месозад, ки роҳҳои ҷадидтарро ҷустуҷӯ кунем, барои ҳар захр позаҳри нав пайдо кунем. Тарбияи ахлоқӣ ва сиёсии наврасон раванди басо мураккаб буда, сахлангориро намеписандад. Ҷавонони имрӯза, ки дар равиши ҷаҳонишавӣ қарор доранд, аввалан бояд ба Ватан, модар, забони модарӣ, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллии худ арҷгузорӣ намоянд.

Меҳрӣ Одинаева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш