Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши таърих сарчашмаи худшиносист

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Таърих фанни шавқовар ва диққатҷалбкунанда мебошад. Агар мо ба сафҳаҳои таърих назар афканем, ҳодисаву воқеаҳои гузаштаи инсоният пеши назарамон ҷилвагар мегарданд. Дар он корнамоиву қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз ҷумла, Зардушт, Куруши Кабир, Дориюш, Спитамен, Шопури II, Шераки Суғдӣ, Деваштич, Муқаннаъ, Абумуслим, Тоҳир ибни ҳусайн, Яъқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ... тавсиф ёфтааст.

Ин фарзонафарзандҳои миллат барои нигоҳ доштани истиқлолият, ҳифзи марзу буми хеш аз душмонон, мубориза бурданд ва номи худро дар сафҳаҳои таърих абадӣ сабт намудаанд. Масалан, аввалин ташкилкунандаи империяи бузурги ҳахоманишиён (550-330 п.а.м.) интишоркунандаи Эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир аст, ки пеш аз ин касе чунин империяи бузургу паҳноваре таъсис надодааст. Дар давлату давлатдории миллӣ бошад, Тоҳир ибни ҳусайн, Яъқуби Лайс саҳми бузурге гузоштаанд. Исмоили Сомонӣ яке аз сиёсатмадорони барҷастае мебошад ва бунёдгузори нахустин давлати муқтадири тоҷикон - Сомониён (874-999) ба ҳисоб меравад.

Абумуслими Хуросонӣ хилофати бузурги Уммавиёнро (661-750) барҳам зад ва бо кумаки ӯ Аббосиҳо бар тахти хилофат нишастанд, аммо аз далерии Абумуслим ҳаросида, ӯро бо фиреб ба қатл расонданд.

Қаҳрамониҳои ватандӯстонаи Спитамен ба муқобили истилогарони юнону мақдунӣ, Муқаннаъ, Деваштич алайҳи аҷнабиёни араб, Темурмалик бар зидди забткориҳои муғул, Восеъ ба муқобили ҳокимони беадолати манғит  ибратомӯз буда, рӯҳияи худшиносию ватанхоҳии хонандаро  баланд мекунанд.

Мардуми тоҷик таърихи ғанӣ ва ибратомӯзе дорад.

Ҳар як фардро зарур аст, ки аз таърихи гузаштаи худ, дастовардҳои аҷдоди хеш, бурду бохти миллаташ дар тӯли таърих огаҳ бошад, гузаштагони худро бишносад, ба онҳо эҳтиром гузорад ва аз таърих сабақ гирад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба чӣ андоза муҳим будани омӯзиши таърих чунин гуфтаанд: “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест” Ин хитобаи ҷиддию ватандӯстона моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири маъмул, «манқурт» мешавад”.

 Бе донистани гузаштаи аҷдоди худ мо шахси тасодуфием, зеро намедонем, кӣ ҳастем? Аз куҷо омадем? Дар масири таърих кадом роҳро тай намудаем? Танҳо дар натиҷаи омӯзиши таърих кас ватандӯсту меҳанпараст ва ба қадри марзу буми куҳан мерасидагӣ мешавад.

Гузаштаро надониста, фардоро дуруст ва бехато сохтан ғайриимкон аст. Доир ба ин масъала  муаррихи рус В.О. Ключевский чунин менависад: “Таърих чароғе аст, ки барои оянда ба мо аз гузашта рӯшноӣ медиҳад”.

Мо - омӯзгорони таърихро зарур аст, ки таълими ин фанро дар мактабҳо такмил бахшем, зеро фанни таърих ба мо имконият медиҳад, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба воя расонем. Дар натиҷаи дуруст омӯзонидани таърих дар хонандагон ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ тақвият меёбад.

Дар таълими таърих бояд аз роҳу усулҳои мутобиқ ба талаботи замони муосир кор бурд.

Маҳкамбой ҳамдамов,      

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш