Нашрияи Омӯзгор

Аз адаб неру расад бар ҷисму ҷони одамӣ

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Одобро ҳусни инсон гуфтаанд. Одоб  маҷмӯи рафтор, кирдор, муносибат ва муомилаи инсон бо атрофиён аст, ки аз ҷониби ҷомеа хуш пазироӣ мешавад.

Одоби баланди инсонӣ ҳадафи ҳар як оила, мактаб, ташкилоту муассиса, деҳу маҳал, давлату миллат мебошад. Дар ҳама ҷо мехоҳанд, ки бо одоби неки инсонӣ ифтихор кунанд.

Шахси беадабро, ҳусни юсуфона дошта бошад  ҳам, одамон эҳтиром намекунанд ва аз ӯ канораҷӯӣ мекунанд.

Дар калому роҳу рафтор аст, нишони одамӣ,

Аз адаб неру расад бар ҷисму ҷонӣ одамӣ.

Ҳусн меҷӯӣ агар, одоби неку ҷӯ ба худ,

Дон, адаб ҳусни туро ҳусне бибошад аз вуҷуд.

Бояд ин масъулиятро падару модарон дарк намуда, барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзандон аз тамоми имконияту шароити мавҷуда самаранок истифода баранд. Чунки агар фарзандон бесавод монанд, бори гарон бар дӯши волидон мешаванд. Бедонишӣ касеро ба мақсад нарасондааст.

Аз ин рӯ, волидон бояд андеша кунанд, ки фарзандашон саводи қазоӣ дошта бошад, вагарна онҳо ба роҳи бад рафта, дарди бедавои ҷомеа мешаванд. Дар ин ҳол бузургон гуфтаанд:

Чу оташ баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Оё барои тарбияи насли наврас танҳо омӯзгорон масъуланд? Чаро волидон худро бетараф мегиранд? Ба андешаи равоншиносон, тарбия аз оила оғоз гардида, дар боғчаю мактаб рушд меёбад.

Меҳрӣ Ҷумъаева, омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш