Нашрияи Омӯзгор

Тақвиятбахши забономӯзии хонандагон

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Корҳои беруназсинфӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар ҳар муассиса, асосан, аз тарафи омӯзгорон на ба таври маҷбурӣ, балки бо ташаббусу масъулияти вазифашиносии онҳо хоҳиш ва шавқи хонандагоне, ки нисбат ба забон ва адабиёти тоҷик таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ доранд, ба роҳ монда мешаванд.

Корҳои беруназсинфӣ дар давоми соли таҳсил мунтазам гузаронида мешаванд. Вале экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ, корхонаҳои муҳими саноатӣ ё ба ягон мавзеи тамошобоб метавонад дар рӯзҳои таътили байни чорякҳои соли таҳсил ташкил карда шавад.

Машғулиятҳои беруназсинфиро тарзе бояд баргузор намуд, ки якрангу дилгиркунанда набошанд, балки гуногунрангу шавқовар ва ҷолибу тамошобоб бошанду бар асари ҳар яке аз ин машғулиятҳо савияи дониши забонӣ ва малакаи нутқи равону ифоданок ва мураттаби хонандагон рӯ ба инкишоф биоварад.

Шакл ва намудҳои корҳои беруназсинфӣ аз фанни забони тоҷикӣ, дар маҷмӯъ, гуногун буда, асоситаринашон инҳоянд: маҳфили забони тоҷикӣ, нашри рӯзномаи забоншиносӣ, викторина, бозии саволу ҷавоб, озмун, ташкил ва гузаронидани ҳафтаи забони тоҷикӣ, конфронсҳои илмию адабӣ, ташкили вохӯрӣ бо адибон ва забоншиносон ва ғайраҳо.

Маҳфили забони тоҷикӣ дар муассиса яке аз корҳои самараноки таълиму тарбия маҳсуб ёфта, ба такмили донишҳои грамматикӣ, малакаҳои имлою пунктуатсионӣ, нутқи мураттаби шифоҳиву хаттии хонандагон мусоидат менамояд. Машғулиятҳои маҳфили мазкур метавонанд дар бастҳои таълимӣ пеш аз оғоз ва ё пас аз анҷоми дарсҳо бо хонандагони хоҳишманд гузаронида шаванд. Шумораи аъзои он набояд аз 14-15 нафар зиёд бошад.

Маъмурияти муассиса набояд дар интихоби омӯзгоре, ки роҳбарии маҳфили фаннӣ ба зиммаи ӯ гузошта мешавад, бетафовут бошад, зеро шавқу рағбат ва давомоти хонандагон дар сурате баланд мешавад, ки онҳо омӯзгор-роҳбари ояндаи маҳфилро аз ҳар ҷиҳат ҳурмату эҳтиром намоянд.

Маҳфили забони тоҷикӣ аз рӯйи нақшаи пешакӣ тасдиқшуда дар ҳар моҳ як маротиба агар шавқу хоҳиши аъзои маҳфил бошад, ду маротиба аз рӯйи ҷадвал ва дар соати муайян гузаронида мешавад.

Яке аз қисматҳои муҳими фаъолияти маҳфили забони тоҷикиро тарбияи  хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии аъзои он ташкил медиҳад. Дар ҷараёни ин кор хонандагон бо фаъолияту истеъдоди адибони гузаштаву имрӯзаи кишварамон, бо асарҳои онҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо ин васила бо минтақаҳои гуногун, расму русум, анъанаҳои гуногуни халқиятҳои ватанамон шиносоӣ пайдо менамоянд.

Машғулиятҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои забону адабиёти тоҷик имкон медиҳанд, ки хонандагон маводи қаблан пешниҳодшударо дар давоми дарс васеътар арзёбӣ намуда, захираи луғавии худро бой гардонанд, нутқашон бурою ҷолиб гардида, ба шахсони комилан босаводу маданӣ ва донандагони хуби забони адабии тоҷик табдил ёбанд.

Зумрад Муродова,

омӯзгори забон ва адабиёти

тоҷики мактаби №52-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш