Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳо

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Дар мактаб омилҳои гуногуне мавҷуданд, ки ба тарбияи босамари хонандагон мусоидат мекунанд. Дарсҳои тарбиявӣ, конфронсу вохӯриҳо, саёҳату мусобиқаҳо ва монанди инҳо аз чорабиниҳоеянд, ки ба тарбияи ҳаматарафаи мактабиён мусоидат мекунанд.

Дар ин самт ҷашнҳо ва таҷлили онҳо низ нақши муҳим мебозанд. Як марҳилаи муҳим дар мактаб омодагӣ ба ҷашнҳост. Ин тадбир дар хонандагон  масъулият ва эҷодкориро талқин мекунад, дар байни онҳо дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ривоҷ мебахшад. Хонандагони хурдсол табиатан ба кори якҷоя ва ороишу тадбирҳое монанди инҳо таваҷҷуҳу майли зиёд доранд. Онҳо бо қаноатмандӣ ва бо шавқу завқ ба корҳои омодагӣ ба ҷашн бо роҳбарии омӯзгор машғул мешаванд. Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашн синфи худро бо майлу рағбати зиёд ва бо ҳавас оро медиҳанд ва дар ин самт эҷодкориҳо мекунанду аз ин худ завқ мебаранд. Ҳамчунин, дар баровардани рӯзномаи девории идона, таҳияи албомҳо, тайёр кардани намоишҳо ва барномаҳои консертӣ фаъолона ширкат меварзанд. Омӯзгорро мебояд, ки барои фаро гирифтани ҳар хонанда бо машғулияте тадбирандешӣ намояд. Чунончи, гурӯҳе рақсу суруд омода менамоянд, гурӯҳи дигар хониши адабӣ таҳия месозанд, гурӯҳи сеюм ба ороиши синф ё саҳна машғул мешаванд…

Ба муносибати ин ё он ҷашн ташкил намудани дарсҳои тарбиявӣ, маърӯзаи хонандагон, озмунҳо ва дарс – саёҳат айни муддаост.

Дар мактабҳо баргузор ва таҷлил намудани Рӯзи паранда, Рӯзи ҷангал, Ҳафтаи санъат, Серӯзаи бузургдошти китобу дониш ва монанди инҳо тадбири муҳим арзёбӣ мешавад. Омодагӣ ба ин ҷашнҳо барои хонандагон сурурбахш аст.

Ба ҷашнҳои фархундаи миллат Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон бо масъулияти ҷиддӣ омодагӣ мегиранд. Ин ҷашнҳо ба таҳкими ҳисси хештаншиносию ифтихори миллии хонандагон мусоидат мекунанд. Барои мисол омодагӣ ба ҷашни Наврӯзро  каме тавзеҳ мебахшем. Ин аз ҷашнҳои писандидаи наврасон мебошад. Як-ду ҳафта қабл аз таҷлили ҷашн омӯзгор (роҳбари синф) бо хонандагон суҳбат ороста, пас аз тавсифи умумии ҷашни Наврӯз ба шогирдон супориш медиҳад, ки мулоҳизаву пешниҳодоти худро оид ба чӣ гуна пешвоз гирифтану таҷлил намудани ин ҷашн иброз доранд ва ё дар сафҳае нависанд. Сипас вазифаҳо, супоришҳо байни хонандагон вобаста ба истеъдод, майлу хоҳиш ва тавонмандиашон тақсим мешаванд. Чунончи, яке-яке силсилаи расмҳои манзаравӣ омода месозад (барои намоиш), чанд нафар намунаи либосҳои ҷашниро тайёр мекунанд (дар шакли хурдакак), гурӯҳи дигар ба мусобиқоти варзишӣ омодагӣ мегиранд. Ҳамин тавр, барои ороиши гӯшаҳои намоиши таомҳои миллӣ, китобҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ… гурӯҳҳои алоҳидаи хонандагон вобаста карда мешаванд. Хонандагон дар паҳлуи ҳам, бо маслиҳату машварат ба иҷрои супоришҳо (пас аз дарсҳо) машғул мешаванд, бо ҳамдигар маслиҳату машварат мекунанд, амали якдигарро такмил мебахшанд.

Ин ҳама равандҳои хеле муҳиманд ва пеш аз ҳама, ҷанбаи неруманди тарбиявӣ доранд. Бояд гуфт, ки самаранокию ҳадафмандии ҷараёни омодагӣ ба ҷашнҳо аз фаъолият ва маҳорати омӯзгор вобастагии ҷиддӣ дорад.

Заррина САОДАТҚАДАМОВА,

омӯзгори гурӯҳи

тайёрӣ ба мактаб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш