Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаҳои рушди илм

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ҳар илм таърихи худро дорост ва ин таърих гоҳе хеле аҷибу рангин ва пурҳаводис аст. Илми физика низ таърихи махсусеро дорад. Дар бораи таърихи ин фан нақл кардан боиси вусъатёбии дониши хонандагон хоҳад гашт.

Ҳамчунин, алоқамандию таваҷҷуҳи онҳо ба физика бештар мешавад. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки таърихи илми физика ғолибан аз асри XVII шурӯъ мегардад. Табиатшинос ва сайёҳи италиявӣ Галилей Галилео бо таҷрибаҳои хеле ҷолиб ва пурсамари худ ба оғози таърихи ҳақиқии фанни физика мусоидат кард. Таҷрибаҳои ӯро шогирдони зиёдаш идома бахшиданд. Яке аз бунёдгузорони дигари таърихи физика олими маъруфи англис Исаак Нютон шинохта шудааст. Ин нуктаро низ таъкид бояд кард, ки таърихи физика аслан реша ба умқи асрҳо дорад. Вақте ки дар дунёи қадим одамон ба ҳодисаву воқеаҳои муҳити хеш ва ба тағйирёбиҳои табиат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, тадриҷан ба баъзе қонуниятҳои физикӣ ба таври хеле умумӣ сарфаҳм мерафтагӣ шуданд. Дар асрҳои 18-19 муҳимтарин истилоҳоти физикӣ – энергия, масса, импулс ва монанди инҳо пайдо шуданд. Дар асри ХХ ҳамчун инқилоб дар илми физика назарияи нисбият, физикаи квантӣ, назарияи зарраҳои бунёдӣ, электродинамикаи квантӣ…кашфу ошкор гардида, боиси рушди ин илм гардиданд.

Умуман, таърихи физикаро ба марҳилаву қисматҳои гуногун вобаста ба макон ва кашфиёт ҷудо мекунанд. Яке аз марҳилаҳои таърихии физика бо инкишофи илм дар Мисри қадим вобастагӣ дорад. Ин ҷо ба омӯзиши ченакҳои дарозӣ, вазн ва кунҷ оғоз намуданд. Чен кардани вақт ва давомнокии шабонарӯз, пайдоиши аввалин донишҳо оид ба оптика ба олимони Мисри қадим мутааллиқ аст. Таърихи физика дар Хитой (Чини қадим) низ шоистаи таваҷҷуҳ мебошад ва оғозаш ба асри 7 дахл дорад. Донишмандони ин макон аввалин кӯшишҳоро барои ифода кардани қонуни асосии инертсия (қобилияти ҳолати аввалаи худро нигоҳ дошта тавонистани ҷисм) равона кардаанд. Чиниҳо қутбнаморо ихтироъ ва баъзе қонуниятҳои оптикаи геометриро низ ошкор намуданд. Дар инкишофи илми физика ва ғанигардии таърихи он олимони Шарқ ва араб низ ҳиссагузоранд. Дар асрҳои миёна файласуфи олмонӣ Н.Кузанӣ аввалин шуда, дар бораи беохирии кайҳон ақида изҳор кард. Рассоми машҳури итолиёвӣ Леонардо да Винчи ҳодисаҳои муҳими физикӣ – капилярнокӣ ва қонуни соишро кашф намуд.

Дар таърихи физика ибораи «давраи эҳё» маълум аст. Яке аз намояндагони ин давра астрономи лаҳистонӣ Николай Коперник мебошад. Китоби ӯ, ки дар асоси пажӯҳишҳои бардавомаш иншо шудааст, «Оид ба чархзании ҷирмҳои осмонӣ» ном дорад ва дар он аввалин маротиба ақидае изҳор мешавад, ки Замин дар гирди Офтоб чарх мезанад.

Чунонки дар ибтидо гуфтем, таърихи илми физика маҳз дар асри 17 ба сатҳи аълои рушд расид. Яке аз кашфиёти муҳими ин замон қонуни ҳаракати сайёраҳои системаи Офтоб мебошад, ки ба номи олими бузурги олмонӣ Иоганн Каплер алоқаманд аст. Ин физикдони маъруф барои тараққии соҳаи оптика низ хизматҳои арзанда кард. Таърихи физика дар асри 18 асосан, бо номи олимони Швейтсарияю Олмон ва Россия ҳамбастагӣ дорад. Фаҳмишҳои наву муҳими илмӣ дар асрҳои 18-19 илми физикаро ба сатҳи баланд бароварданд. Назарияи нисбияти Алберт Эйнштейн оламро дар ҳайрат гузошт ва инқилоби ҳақиқие дар таърихи ин илм гардид…

Умуман, таърихи илми физика басо рангин буда, омӯзиши он дар қатори омилҳои дигар боиси вусъатёбии ҷаҳонбинии шогирдони мактабҳо мешавад.

Зарнигори ХӮҶА,

омӯзгори физика, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш