Нашрияи Омӯзгор

Ватанро хуб бояд шинохт

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дӯст доштани Ватан аз муҳимтарин фазилатҳои ҳар шахс аст. Ватандӯстӣ масъулият ва вазифаҳо ҳам дорад.

Дар ҳифзи Ватан ҳамеша омода будан, шаъну шарафи Ватанро ҳимоя кардан, дар ободонии Ватан ҳисса гузоштан, муқаддасоти Ватанро парас-тидан аз ҷумлаи масъулияту вазифаҳои ватандӯстиву ватанпарварист. Дар баробари ин, ҳар фарди дӯстдори Ватани азиз бояд оид ба он маълумоти комилу саҳеҳ дошта бошад, махсусан, дар бораи таърих, адабиёт ва географияи Ватан. Вобаста ба геог-рафияи Ватан - Тоҷикистон ҳар яки мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд, пеш аз ҳама, оид ба масоҳату мавқеи ҷойгиршавӣ, минтақаҳо, сарватҳои табиӣ, кӯҳҳо, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, чашмаҳои шифобахш, ағбаҳо, роҳҳои асосӣ, нақбҳои кишвар маълумоти саҳеҳ дарёфт ва азхуд намоем. Маълумотномаи фишурдаи зер одитарин нуктаҳоро, ки ҳар кас бояд донад, фаро мегирад. Масоҳати умумии ҷумҳурӣ: 143,1 ҳазор км, қуллаи баландтарин (аз сатҳи  баҳр): 7495 м. мавзеи пасттарин (аз сатҳи баҳр): 300 м, дарозии умумии дарёҳо: 30 ҳазор км, ҳисоби миёнаи солонаи ҷоришавии об: 80 млрд м3, калонтарин кӯҳҳо ва қаторкӯҳҳо: Академияи илмҳо (7495 м), Ванҷ (5584м), Дарвоз (6083)м, Паси Олон (7134м), Зарафшон (5494м), Ишкошим (6096м), Музкӯл (6233м), Рӯшон (6080м), Шоҳдара (6726м), Язғулом (6974м), Петри як (6785м)..; пиряхҳои калонтарин: Бивачӣ (27,8 км) Савуқдараи калон (25,2 км), Зарафшон (26,5км), Сагрон, (24,2 км), Грум-Гритимайро (36,7 км), Федченко (71 км), Гармо (27,5 км); дарёҳои калонтарин: Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Панҷ, Кофарниҳон, Варзоб, Вахш; кӯлҳо ва обанборҳо: Қарокӯл, Сарез, Зоркӯл, Яшилкӯл, Искандаркӯл,  Шӯркӯл, Рангкӯл; обанборҳои Қайроқум, Фарҳод, Норак, Сарбанд, Бойғозӣ, Муъминобод, Селбур, Роғун; чашмаҳои шифобахш: Хоҷа Обигарм, Обигарм, Ҳавотоғ, Явроз, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Чилучорчашма, Шифо, Ёс, Андароб; ағбаҳо: Оқбайтал, Анзоб, Хобуробот, Шаҳристон, Вешаб, Мастчоҳ, Оббурдон, Тутек, Шутургардан.

Ин маълумотнома чунонки гуфтем, хеле умумист ва салоҳ он аст, ки ҳар сокини бедору бамаърифати Тоҷикистон ҳар нуктаи маълумотномаи мазкурро то ҷое шарҳ дода тавонад. Масалан, шарҳи кучак вобаста ба дарёҳои Тоҷикистон.  Омили асосии ташаккули дарёҳои Тоҷикистон қаторкӯҳҳои баланд, пиряхҳо дар  оғӯшу доманаи онҳо ва бухоршавии маҳдуд мебошад. Аксари дарёҳои ҷумҳурӣ аз шарқ ба ғарб ҷорӣ мешаванд. Дарёҳои Тоҷикистон, асосан, ба се ҳавза мансубанд: Аму, Сир, Зарафшон. Аму серобтарин дарё дар Осиёи Миёна мебошад. Аз лиҳози манбаъҳои тавлиди об дарёҳои кишвари моро муҳаққиқон ба се қисмат тақсим кардаанд: пиряхию барфӣ, барфию пиряхӣ, барфӣ ва барфию боронӣ. Ҳамчунин, чашмасорҳо ва обҳои зеризаминӣ манбаи серобашавии баъзе аз дарёҳо ба шумор мераванд.

Тоҷикистон мамлакати серобу шодоб аст ва аз обҳои хуштамъи он кишварҳои ҳамсоя низ фаровон истифода мебаранд…

Оре, як далели дӯст доштани Ватан дар бораи он ҳар чӣ бештар донистан мебошад.

Севарой Раҳматова,

омӯзгори география


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш