Нашрияи Омӯзгор

Машқ - василаи ташаккули фикр

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Дарсҳои забони тоҷикиро бе иҷрои машқҳо наметавон тасаввур кард. Ҳар мавзӯъ, ки фарогири барномаи таълимист, мувофиқи талаботи грамматикӣ дорои машқҳои хос мебошад.

Машқҳо метавонанд бо роҳбарии омӯзгор шогирдонро ба озоду мустақил фикр кардан роҳнамоӣ намоянд. Хонанда ҳангоми иҷрои машқ фикри худро ташаккул медиҳад, аз рӯи қоидаи омӯхтааш оид ба ин ё он мавзӯъ тавассути матн донишашро рӯгардон менамояд, ки то куҷо масъалаҳои назариявиро дарк кардаасту татбиқ дар амал мекунад.

Ман аз ҳар дарс ва ҳангоми супоридани кори мустақилона, кори эҷодӣ, вазифаи  хонагӣ аз машқҳо фаровон истифода мебарам, зеро, ба қавле, бе машқ забономӯзию забондонӣ маъно надорад.

Дар синфи 9 ҳангоми гузаштани мавзӯи «Ҷумлаи мураккаби пайваст», ки барои омӯзиш барнома 9 соат зарур донистааст, мекӯшам, ки вақтро самаранок истифода намоям. Соати аввал бо аҳли синф танҳо ба таҳлил ва баррасии ҷумлаи мураккаби пайваст қонеъ мешавем. Чун ин масъаларо хонанда дуруст фаҳмад, барои ҳалли мавзӯъҳои алоқаманд ба ҷумлаи мураккаби пайваст замина омода мекунад. Дар ин ҳолат хонанда дар иҷрои супоришҳои машқ душворӣ намекашад.

Вобаста ба иҷрои машқ ва талаботи салоҳиятҳо  мекӯшем, ки  хонанда ҷумла сохта, дар матн ҷумлаи мураккаби пайвастро ҷудо карда тавонад.

Баъди фаҳмондани мавзӯъ шурӯъ мекунем, ба иҷрои  машқҳо.

Маълум, ки машқҳо тарбия ҳам мекунанд. Аз ин рӯ, байни хонандагон аз рӯи расме, ки аз маҷаллаи «Чашма» интихоб кардем, доир ба мавзӯи сайёҳӣ баҳс меороем.

Хонандагон бо шавқ ба кор сар карданд, зеро доир ба ин мавзӯъ  тавассути матбуот ва телевизион ва тадбирҳо бахшида Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти кофӣ доранду ошноянд.

Талабаҳо дар доираи 5-6 ҷумла ҳамчун кори эҷодӣ ҷумлаҳои ба тадбирҳои мазкур марбутро эҷод мекунанд ва аз нигоҳи худшиносӣ ва ватанхоҳӣ тавзеҳ мебахшанд.

Манзараи тасвиршуда боиси ифтихори хонандагон аст, зеро дар он табиати нотакрори Ватан инъикос ёфтааст.

Шогирде ин тавр навиштааст: «Мо, ҷавонон, ҷонибдори рушди сайёҳӣ мебошем ва ҳамеша табиатро ҳифз менамоем».

Вобаста ба ҷумлаҳо ба шогирдон оид ба пайвандакҳои пайвасткунанда  маълумоти муфассал ироа менамоям.

Сипас, машқи 49 мавриди таҳлил қарор мегирад. Тахтаи синфро ба се қисмат тақсим мекунем. Намояндагони гурӯҳҳо якҷумлагӣ навишта, таҳлил мекунанд. Ин ҷо ба воситаи саволу ҷавоб оид ба мавзӯъ андешаҳои шогирдонро шунида мавзӯъро мустаҳкам менамоям.

Мушоҳида менамоям, ки салоҳиятҳо низ ба воситаи иҷрои машқҳо ба даст омаданд, яъне, оид ба ҷумлаҳои мураккаби пайваст маълумот ҳосил шуд, воситаи алоқаро донистанд, дар матн ҷумлаи дахлдорро ҷудо карданд.

Ҳамин тавр, кор бо машқ андешаронии шогирдонро тақвият мебахшад, ҳангоми кори эҷодӣ ва таҳлили он ба омӯзгор муайян мешавад, ки захираи луғавии шогирд аз дарс то кадом андоза афзудааст ва  амсоли инҳо. Машқҳо ба мустаҳкам намудани хотираи хонандагон мусоидат мекунанд ва дар фаҳмиши мавзӯъ ёрӣ мерасонанд.

 

Дилафрӯз  Валиева,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш