Нашрияи Омӯзгор

Ҳар хонанда истеъдодманд аст

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Педагоги машҳури Шӯравӣ В.А.Сухомлинский қайд кардааст: «… хеле муҳим аст, ки баҳои мусбии ҷамъиятии қадру қимати шахсият дар тақдиркунию сарфарозкуниҳо қиёскунии бартарии яке бо камбудиҳои дигаре ифода намеёбад.

Чунин баҳодиҳӣ ба ҷои коллективизм мансабпарастии кӯдаконро тарбия мекунад. Ин аз он ҷиҳат хавфнок аст, ки дар худ неруи рӯҳиро барои тамоми ҳаёт ниҳон медорад, аз мансабпарасти хурдакак нобакори калон ба воя мерасад». Чунин қиёскуниҳо дар фаъолияти донишомӯзии хонандагон аз тарафи баъзе омӯзгорон низ ба мушоҳида мерасад. Ба ҳисоб гирифта намешавад, ки хонандагони имрӯза аз хонандагони даҳсолаи пеш аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ фарқ дошта, бо онҳо бо самимият ва дӯстона муносибат намудан лозим меояд. Ба дили хонандагон роҳ ёфтан лозим аст. ки ҳар як супоришро эҷодкоронаю мустақилона ва ҳавасмандона аз сидқи дил иҷро намоянд. Мушкилоти пешомадаро водор намудан лозим аст, ки ҳар як хонанда худаш ҳал намояд.

Аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки баъзе хонандагон ба серталабӣ на он қадар тобоваранд ва бинобар ин, бо онҳо бо меҳрубонӣ рафтор намуда, барои пешрафташон бо суханҳои нек қадрдонӣ ҳавасманд созем. Дар ин сурат шавқмандиашон ба омӯзиш боз ҳам зиёдтар шуда, ҳисси масъулиятшиносиашон дар иҷрои супоришҳо, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ, зиракӣ, худбаҳодиҳӣ барин хислатҳо  дар онҳо пайдо мешавад.

Чӣ хеле ки маълум аст, дар давоми соли таҳсил донишомӯзии хонандагон аз фанҳои таълимӣ мунтазам ва ба таври фосилавӣ (рейтингу марҳилаҳо) санҷида мешавад. Баъзе хонандагон на он қадар фаъоланд, донишомӯзиашон суст. Онҳоро танбеҳ дода, сустхон, аз дигарон ақибмонда, бемасъулият, ноуҳдабаро, нодон ва ғайраҳо гуфтан нашояд. Ин хонандагон дар чунин вазъият байни хонандагони фаъол худро забонкӯтоҳ, сархам, таҳқиршуда, ақибмонда меҳисобанд. Ин ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Бузургмарде гуфтааст: «Тарбия кори дарозмуддат ва нозук аст. Бо як сухан аз роҳ мебарорем, бо ҳазор сухани нек ба роҳ дароварда наметавонем».

Хонандагоне, ки дар омӯзиши қисме аз фанҳо сустанд, аз баъзе фанҳо, монанди таълими меҳнат, суруд, санъати тасвирӣ, нақша, тарбияи ҷисмонӣ баҳои баланд гирифта, аз ин фанҳо супоришҳоро хубтар ва бодиққаттар иҷро менамоянд. Онҳоро дар байни ҳамсинфон ва берун аз он бо суханҳои нек рӯҳбаланд намудан лозим аст. Ҳангоми иҷрои супоришҳо, масалан, аз математика ба онҳо «офарин», «боз ҳам диққат деҳ», «аз пештара дида хеле беҳтар шудаӣ», гуфтан ё дар дафтарҳои корӣ қайд намудан хеле манфиатовар мебошад. Аз паи иҷрои супоришҳо шуда масъулшинос-тар мешаванд.

Мувофиқи фикри олимон – педагогҳои машҳур, зеҳни хонандагон ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ вобаста ба шароити тарбия ва бавоярасӣ гуногун буда, бояд психологияи хонандагонро омӯхта, барои аз ин варта баромадан алоқамандиро бо падару модарон зиёдтар карда, мувофиқи синну сол материалҳои дидактикиро (иловагиро) аз фанҳои ба он мувофиқ пешкаш намоем, то чунин хонандагон фаъолтар шуда ба хонандагони пешқадами синф баробар шаванд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо хонандагони сустхон ба баъзе фанҳо рағбат пайдо карда, дар оянда ронандаи пешқадам, варзишгари намоён, устои моҳири сохтмон, кайвонии беҳтарин, соҳибкори пешқадам… шуда, ба нафъи худ ва ҷамъият кор ва зиндагӣ мекунанд. Чунончи, навозандаи машҳур Бетховен аз фанҳои сикли табиӣ – риёзӣ, хусусан, аз фанни арифметика аз уҳдаи ҳалли амалҳои арифметикӣ оид ба зарбу тақсим намебаромадааст ё худ шоири классики адабиёти рус А.С.Пушкин дар дарси математика хобаш мебурдааст… Вале онҳо шахсиятҳои машҳур шуданд…

 

Маҳмадсаид Шодиев,

омӯзгори мактаби №59,

ноҳияи Айнӣ   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш