Омӯзгорон барои такмили донишу маҳораташон пайваста мутолиа мекунанд, шумораҳои нави нашрияҳои давриро бесаброна интизорӣ мекашанд. Яке аз нашрияҳои дӯстдоштаи мо-омӯзгорон ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад, ки бо матолиби рангину хонданибоб ва пурмуҳтавояш таваҷҷуҳбарангез аст. Хушбахтона, мазмуну муҳтаво ва тарҳу дизайни нашрия рӯз ба рӯз беҳтар мегардад, ки дар ин бобат ба заҳмату талошҳои ҳайати эҷодӣ ва кормандони нашрияи «Омӯзгор» офарин мегӯем. Маҳз бо талошу кӯшишҳои онҳо дар ҳар шумора мо беҳтарин навиштаҳо: мақолаҳои методӣ, гузоришҳо, маводу матолиб вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, хабарҳои тоза, шеъру қиссаҳои ҷолибро мехонем ва ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонем. Ба андешаи ман, дар иртибот бо забон ва ҳусни баён, корбурди дуруст ва бамавқеи калимоту вожаҳо байни нашрияҳои даврӣ нашрияи «Омӯзгор» бартарӣ дорад. Аксар вақт, агар тарзи дурусти навишти як калимаро фаҳмидан хоҳем, зуд ҳафтаномаро ба даст гирифта, он калимаро аз саҳифаҳояш ҷустуҷӯ мекунем, ки «дар «Омӯзгор» он чӣ тавр навишта шудааст?»
Хушбахтона, нашрияи дӯстдоштаи омӯзгорони кишвар дар фазои маҷозӣ низ ба мо дастрас аст. Сомонаи ҳафтанома бо тарҳи наву зебо ба фаъолият шурӯъ намудааст. Инчунин, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук низ гурӯҳи махсуси «Омӯзгор»-и ман» амал мекунад, ки матолиби нашрияи «Омӯзгор»-ро бо линки мустақим ба сомонаи расмӣ дар ихтиёри хонандагону алоқамандон қарор медиҳад. Ин иқдомҳоро дар шароити имрӯзии ҷаҳонишавӣ ва рушду тавсеа ёфтани технологияи иттилоотӣ ҳамчун пайки неке метавон пазируфт. Яъне, «Омӯзгор» ҳамчун нашрияи Вазорати маориф ва илми кишвар дар татбиқу амалишавии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили соҳаи маориф ва илм пешсаф буда, маълумоту маводро бо беҳтарин шева дар ихтиёри хонандагонаш қарор медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки чанде пеш ҳафтаномаи «Омӯзгор» беҳтарин «Нашрияи соҳавии сол» эълон гардид. Бешак, «Омӯзгор» ба ин унвон арзанда аст. Ба ҳайати кормандони нашрияи писандидаам ин рухдоди муҳимро самимона табрик гуфта, дар кору эҷодашон пешрафтҳои тоза ба тозаро орзумандам.
Марҳабо Одилова,
корманди ФМДҷТИКБС
дар вилояти Суғд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр