Нашрияи Омӯзгор

Усулҳои муосири таълим дар дарси таърих

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор бояд натанҳо соҳиби дониш бошад, балки тарзу усулҳои хоси ба хонанда омӯзонидани мавзӯъҳоро донад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт омӯзгорон аксар вақт ба мушкилӣ дучор мешаванд.

Зеро насли нав фаҳмиш ва ҷаҳонбинии нав дорад. Барои он ки дарс дар хотири хонанда нақш бандад, бояд усулҳои нави омӯзиш истифода гардад.

Дар баробари кластер, синквейн, диаграммаи нави таълим коркард шудааст, ки бояд дар дарси таърих истифода шавад. Аз ҷумла, усули “Чӣ дар пеш?”, ки дар аввали дарс бояд истифода бурда шавад. Пас аз эълон намудани номи мавзӯъ омӯзгор фикри хонандагонро мепурсад, ки мавзӯъ чиро дарбар мегирад, натиҷаи он чист? Масалан, агар мавзӯъ «Ҷанги дуюми ҷаҳон» бошад, омӯзгор пурсон мешавад, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон байни кадом давлатҳо сар задааст, сабаби оғози ҷанг чист, ин ҷанг чанд сол давом кардааст, чӣ қадар одам дар он ҳалок шудааст.   Дар усули “Асп ва зин” хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: “Асп” ва “Зин”. Хонандагон – аъзои  гурӯҳи “Асп” дар даст варақа як савол мегиранд ва ҳар як хонандаи гурӯҳи “Зин” бошад, дар даст варақа як ҷавоб мегиранд. Гурӯҳи “Асп” саволҳоро аз як тараф мехонанд, гурӯҳи дигар низ ҳамин тавр. Сипас, ҳар хонандаи гурӯҳи “Асп” ҷавоби мувофиқ ба саволи худро аз хонандагони гурӯҳи “Зин” меёбад. Масалан, дар дарси таърихи умумӣ дар синфи 5 дар мавзӯи “Юнони қадим” ба як гурӯҳ (“Асп”) варақаҳо бо номи худоёни Юнони қадим ва ба гурӯҳи дигар варақаҳо дар бораи хусусиятҳои худоёни Юнони қадим дода мешавад.

Дигар усул, “қадам ба қадам” ном дорад. Ин усул барои ба хотир овардани донишҳои азбарнамудаи хонанда истифода мешавад. Хонанда дар ҳар қадами худ ба тарафи тахтаи синф истилоҳ, воқеа ва ҳодисаеро шарҳ медиҳад. Масалан, дар мавзӯи “Давлати Сомониён” дар қадами аввал хонанда дар бораи соли таъсисёбӣ, қадами дуюм дар бораи асосгузори давлат, қадами сеюм дар бораи девони вазирон, қадами чорум дар бораи барҳамхӯрии давлати Сомониён нақл мекунад.

Яке аз усулҳое, ки диққати хонандагонро бештар ҷалб менамояд, “Хатоиро ёб!” мебошад. Омӯзгор ба хонандагон маълумоти дорои хатоҳои муайянро пешниҳод менамояд. Хонандагон ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ хатоҳоро меёбанд. Масалан, бояд хатоиҳои матни зерин ёфта шавад: “Давлати Сомониён яке аз давлатҳои бузурги асри 19 ба ҳисоб рафта, асосгузори он Бобоҷон ғафуров мебошад. Исмоили Сомонӣ сараввал ҳокими Мовароуннаҳр ва пасон тамоми Бадахшон гардид. Садриддин Айнӣ амири одили давлати Сомониён будааст.” Дар ин матн калимаҳои Бобоҷон ғафуров, Бадахшон ва Садриддин Айнӣ хатоӣ ба ҳисоб меравад.

“Музоядаи номҳо”, усулест, ки мувофиқи он ҳар як хонанда дар дафтари худ номҳои ба мавзӯъ алоқамандро менависад ва ҳар касе, ки номҳоро бисёр ва дуруст нависад, соҳиби баҳои аъло мегардад.

Ҳамин тавр, усулҳои фаъоли таълим заминаи хуби  донишандӯзиии хонандагон ва беҳтаршавии сифати таълим мебошад.

Ёсуман Турсунова,

омӯзгори мактаби  №76,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш