Нашрияи Омӯзгор

Машғулиятҳои беруназсинфӣ манфиатоваранд

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Яке аз усулҳои мақсаднок омӯзондани фанни забони русӣ ба шогирдон машғулиятҳои беруназсинфӣ  ба шумор меравад. Ин шева дар баланд бардоштани малакаҳои амалии онҳо ва  маҳорати азхудкунии забони русӣ, бахусус, нутқи шифоҳии  хонандагон  нақши муҳим мебозад.

Дар кори беруназсинфӣ шахсияти хонанда, қобилияти инфиродӣ, мустақилият ва масъулиятшиносии ӯ боз ҳам бештар  аён мегардад. Ташкилкунандаи корҳои берун азсинфӣ ва берун азмактабӣ бо мақсади такмилдиҳии сатҳи дониши хонандагон доир ба фанни забони русӣ, чун қоида омӯзгори забони русӣ мебошад. Вай тамоми корро ташкил карда, аз аввал то ба охир чорабиниро роҳбарӣ мекунад, дар интихоби  маводи забони русӣ мувофиқи талаботи барномаи фаннӣ кумак мерасонад. Дар синфҳои ибтидоӣ нақши асосиро дар машғулиятҳои беруназсинфӣ омӯзгор мебозад ва кӯдакон дар машғулият танҳо барои ҳикояти порчаҳо аз бозидани нақшҳои хурд ҷалб мегарданд. Барои хонандагони синфҳои 5 – 8 доираи ин маҳфилҳо ба таври назаррас васеъ гардида, намудҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, қироати бадеӣ, адабӣ ва ғайраҳо. Дар синфҳои болоӣ шаклҳои машғулияти беруназсинфӣ маъмуланд, ки аз мактаббачагон мустақилӣ, иштироки фаъоли бевоситаро талаб менамояд. Инҳо  озмунҳои гуногун- фаъолият дар маҳфилҳо, шомҳои адабию мусиқӣ, конфронсу олимпиадаҳо, маҳфилҳои «Хушдилон» ва «Ҳозирҷавобон» (КВН) мебошанд.

Дар гимназияи мо ҳар рӯзи сешанбе рӯзи забони русӣ гузаронида мешавад. Дар ин рӯз тамоми чорабиниҳо аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ сар карда, ҳама бо забони русӣ сурат мегиранд. Рӯзномаи девории «Русское слово» нашр гардида, намоишҳои «Дафтари беҳтарин», «Ҳусни хати кӣ зебо?» ва монади инҳо ташкил мегарданд. 

Бояд гуфт, яке аз шаклҳои самараноки кори беруназсинфӣ ин  маҳфили «Хушдилон» ва «Ҳозирҷавобон» аст. Ҳангоми ташкили чунин маҳфилҳо дар сатҳи зарурӣ, аз рӯйи имконият  шароитҳои мусоидро барои фаъолияти зеҳнӣ ва забонии хонандагон фароҳам месозад. Дар чунин маҳфилҳо ду даста, хонандагони синфҳои мувозӣ (масалан синфҳои 10 а  ва 10 б) иштирок намуда, дастаҳо шартан   «Мечта» ва «Юност» номгузорӣ мешаванд.  Ҳар кадом даста ба худ рамз дорад. Нишони дастаи «Мечта» бодбони сурх,  аз «Юност» кабӯтари сафед.   Супоришҳоро   бошад,  ба шакли саволу ҷавоб баррасӣ мекунанд. Аз тарафи ҳакамон дараҷаи дониши амалии лексикӣ, грамматикӣ ва услубшиносии хонандагон аз фанни забони русӣ муайян карда  мешавад. Чунин тарзи кор барои такмил ва инкишофи шавқи хонандагон ба забони русӣ мусоидатт менамояд.

Гузарондани рӯзҳои забони русӣ ба инкишофи нутқи хонандагон мусоидат менамояд ва доираи назари онҳоро ба ин фан васеъ мегардонад.  

Зулайхо Шокирова,

омӯзгори гимназияи № 74,  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш