Захираи маҳдуди луғавӣ, шакли нодурусти ибораҳо, инкишофи сусти алоқамандии нутқ бо ҷараёни амалиёти фикрӣ омӯзгорро водор менамояд, ки дар синф вазъияти муҳити муоширатӣ ба миён оварда, дар муколама байни омӯзгору шогирдон ва байни худи хонандагон ҷумлаҳои саволиву хитобӣ ва ҷумлаҳои нопурраро тавассути ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ-ҳиссачаву нидо истифода бурда, ҳаракату оҳанги гуфтор (интонатсия)-ро аз назар дур нагузорад.
Алоқаи муоширати байниҳамдигарӣ дар кӯдакон аз ташаккул додани малакаи саволгузорӣ сар мешавад, чунки амалиёти саволгузорӣ, пурсиш дар кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи зеҳнӣ ташаккул наёфтааст. Дар аввали кор ашёи аслӣ истифода бурда мешавад. Мисол: «Бӯр». Омӯзгор ба хонандагон муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ҳар яки онҳо ба вай чунин савол диҳанд: «Шумо, чӣ кор мекунед?» Баъд аз ин саволро якҷо такрор мекунанд. Ҳамин тавр, дар синф вазъияти муҳити муоширати нутқӣ ба миён оварда мешавад.
Барои инкишоф додани нутқи кӯдакон маводи шавқовар ва диққатҷалбкунандаро дар мисоли расмҳо, аз қабили «Меҳнати одамон дар фасли баҳор», «Синфи мо», «Ҳосилғундорӣ», «Оилаи мо» истифода кардан мумкин аст. Дар такя ба расмҳои пешниҳодшуда байни омӯзгор ва шогирдон саволу ҷавоб ташкил карда мешавад. Дар раванди кор омӯзгор ба ҷумласозии кӯдакон аҳамият дода, ҷавобҳои додашудаи онҳоро пурра мекунад ва ҷавоби пуррагардидашударо хонанда такрор мекунад. Баъдан ба бачаҳо ва духтарони дар расм тасвиршуда номи худи хонандагони синф гузошта мешавад ва ҳар як хонанда аз рӯи расм амали иҷрокардаи худро нишон дода, ҷумла месозад, баъдан саволу ҷавоб байни худи хонандагон ташкил карда мешавад.
Дар раванди кор омӯзгор метавонад бо дарназардошти рушди тафаккури кӯдак ва инкишофёбии нутқи ӯ усулҳои гуногуни саволгузориро истифода барад.
Инкишофи нутқи кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи зеҳнӣ вазифаест, ки аҳамияти иҷтимоиро дорост ва то чӣ андоза зарур будани онро дар баробари омӯзгор, волидон ҳам бояд дуруст дарк намоянд. Пеш аз ҳама, барои якҷоя иҷро намудани ягон фаъолияти меҳнатӣ (шустани зарфҳо, тоза кардани сару либос, рӯфтан ва таъмири ягон ҷиҳози дар хона буда…) шароити муоширати солимро фароҳам овардан лозим аст.
Гулшода Ёдгорова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр