Ташкили дарси эҷодӣ ва самаранокии таълим натанҳо ба сатҳи омодагии муаллим ба дарс, балки ба ороишу ҷиҳозонидани синф вобастагии калон дорад. Дар синф ҷобаҷогузории шиору плакатҳо, харитаву таблитсаҳо ва умуман, маводи аёнии ороишӣ аҳамияти муҳимро соҳиб мебошад.
Мавқеъ ва аҳамияти воситаҳои аёнии таълим дар синфҳои болоӣ ва ибтидоӣ дар асарҳои методистони гузашта ва муосир борҳо таъкид карда шудааст. Пеш аз ҳама, ҳангоми интихоби воситаҳои аёнӣ мазмуну мавзӯи дарс бояд ба назар гирифта шавад. Асбобҳои аёниро аз маводҳои гуногун ва ҳатто камарзиш ва ё беарзиш низ тайёр кардан мумкин аст. Асбобҳои аёнии марбут ба мазмуни дарс вобаста ба характери ҳар як мавзӯъ гуногун шуданаш мумкин аст. Дар дарс истифодаи бамавриди ҳарфу хиҷоҳо, шиору чистонҳо, зарбулмасалу пандҳо, шеърҳо, варакчаҳои гуногун, манзараҳо ва суратҳои ранга, таблитсаҳо ва ғайра мазмуну мундариҷаи дарсро рангин ва пурмазмун мегардонад. Масалан, варакчаҳои ороиши ҳарфу ҳиҷоҳо, тарзи навишти ҳарфҳо ва ғайраро дар дарс истифода бурдан зарур аст, онҳоро дар пешорӯи хонандагон, мувофиқи қадубасти онҳо овезон кардан муҳим аст.
Ман аз таҷрибаи худ дар синфҳои ибтидоӣ бовар ҳосил намудам, ки шиор ё маводи ороишие, ки дар он унсурҳои ҷудогонаи ҳарфҳо, расму манзараҳо ва ғайра тасвир шудаанд, ба зуд азхуд кардани тарзи навишти ҳарфҳо мусоидат менамоянд.
Инчунин, варақаҳои суратдор ҳангоми дарсҳо ба баланд бардоштани саводнокии хонандагон ёрии амалӣ мерасонанд. Масалан, дар дарс вобаста ба мавзӯъ расмҳо ва манзараҳои гуногуни ҳайвонот, сабзавот, фаслҳои сол, киштукор, асбобу анҷоми хоҷагӣ, роҳу нақлиёт ва техника, шоиру нависандагон, олимони машҳур, қаҳрамонони истеҳсолот ва ғайраро моҳирона истифода бурда, ба дарс ҳусни тоза бахшидан мумкин аст.
Дар раванди таълим ҷалб намудани хонандагон ба тайёр кардани воситаҳои аёнӣ низ аз фоида холӣ нест. Вақте ки хонанда асбобҳои аёниро бо дасти худ ва хости хеш месозад, вай аллакай дар ҷараёни дарс аҳамияту моҳияти мавзӯъро амиқ дарк мекунад.
Дар ҳақиқат ҳам, таҷриба собит намудааст, ки истифодаи воситаҳои аёнии таълим, аз як тараф, донишу биниш ва малакаи хонандагони хурдсолро рушд бахшад, аз ҷониби дигар, дарсро шавқовару пурмазмун гардонида, ба дилу дидаи онҳо роҳ меёбад. Аз ин рӯ, ҳангоми таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз воситаҳои гуногуни аёнӣ оқилона истифода намудан зарур аст.
Дилфуза Ҷалилова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр