Нашрияи Омӯзгор

Василаи муассирсози дарс

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Барои он ки дарс ҷолибу муассиру пурмуҳтаво бошад, омӯзгор ба он  омодагии ҷиддӣ мебинад, аёниятҳо омода месозад ва аз воситаҳои гуногун истифода мебарад. Дар замони мо дастгоҳҳои технологӣ барои тайёрии омӯзгор ба дарс василаи хеле самарабахшанд ва кори омӯзгорро то ба дараҷае осон мекунанд.

Омӯзгорони варзида мекӯшанд, ки ҳар дарсашон аз ягон ҷиҳат навоварона ва таъсиргузор бошад, шавқи хонандагонро ба дарс бештар намояд. Маълум, ки махсусан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба рангину шавқовар будани машғулиятҳо ҳавасманданд ва мавзӯи ин гуна машғулиятҳоро бештару амиқтар азбар менамоянд. Бинобар ин, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳояшон дар мутобиқат ба мазмуну муҳтавои мавзӯъҳо аз методи бозӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, истифода аз ҳикояту афсонаҳо, шеъру сурудҳо, чистону тезгӯякҳо  ва монанди инҳо дар синфҳои ибтидоӣ таваҷҷуҳафзои хонандагон ба дарсҳо мешавад. Маъмулан,  вобаста ба шавқу завқи шогирдон омӯзгорон аз пораҳои шеърӣ ва аз чистонҳо дар дарсҳо зиёд истифода мебаранд, ки   ин омили натиҷабахш аст. Чистонҳо махсусиятҳои худро доранд; фикри хонандаро ба таҳрик меоранд, кӯдаконро ба ҷустуҷӯ водор месозанд, ҳисси кунҷкобиашонро меафзоянд, зуд ва бавусъат андешиданро талқин менамоянд.

Дар ҳамаи  дарсҳо истифода  бурдани чистонҳо шарт нест, бояд мавриди мувофиқ, мавзӯи мувофиқ ва чистони мувофиқро дарёфт. Ҳамчунин, рӯҳияи хонандагонро бояд ба назар гирифт. Чистонҳоро дар оғоз, дар анҷом ва дар ҷараёни дарс метавон истифода кард. Масалан, агар дар дарси забони тоҷикӣ мавзӯъ илм бошад, омӯзгор метавонад дар оғози дарс чунин чистонро гуфта, ҷавобашро аз аҳли  синф бипурсад:

Аспе дорам беозор,

Хушсурату хушрафтор.

Монда намешавад ҳеҷ,

Доим ба гаштан тайёр.

Хӯрокаш-обу бензин,

Поҳош бошад, аз резин.

Бо тавзеҳ ва мадади омӯзгор хонандагон ниҳоят ҷавоби чистонро меёбанд: мошин. Омӯзгор ба хонандагон офарин гуфта, мепурсад, ки ин калима ба кадом савол ҷавоб мешавад (чӣ?). Пас аз чанд шарҳу пурсишу посух дар асоси мулоҳизаву хулосаҳои омӯзгору хонандагон чунин қоида ҳосил мешавад: калимаҳое, ки ба саволҳои чӣ (чиҳо) ва кӣ (киҳо) ҷавоб мешаванд, исм ном доранд. Исм номи ашё (дар шаклҳои ҷамъу танҳо) мебошад. Муроҷиати омӯзгор:-Бачаҳо, акнун бигӯед, ки боз кадом калимаҳо  ба исм тааллуқ доранд?

Бачаҳо як силсила номи ашёро

ба забон меоранд.

Масалан: китоб, қалам, зоғ,

ангур, миз, хонанда, омӯзгор…

Аз шогирдон пурсидан мумкин аст, ки оё дар бораи яке аз ин исмҳо нафаре чистон медонад. Азбаски ҷавоби аксари чистонҳо ба исм дахл дорад, посух гуфтани хонандагон ба ин савол чандон душвор нест. Барои мисол, чистони зеринро ҷавоб анҷир ва ангур аст:

Миёни «а» ва «р» се ҳарфи

дигар

Бимонӣ, мехӯрӣ ду меваи тар.

Дар дарси табиатшиносӣ ҳангоми маълумот додан оид ба моҳ омӯзгор дар мавриди мувофиқ метавонад аз чистони зерин истифода намояд:

Ду ҳафта ҳозир,

Ду ҳафта ғоиб.

Гаҳ ниму гаҳ пур,

Хеле аҷоиб.

Чистонҳо, ҳамчунин, қоби-лияти эҷодкории хонандагон ва маҳорату малакаи маънидарёбиву таҳлилсозии онҳоро сайқал мебахшанд. Дар дарсҳо мавридҳое низ мешаванд, ки баъзе хонандагони фаъолу  соҳибқобилият худ чистон  мегӯянд (дар шакли содаву номукаммал бошад ҳам). Чунин хонандагонро дастгирӣ бояд кард.

 

Ҷамила Низокатова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш