Нашрияи Омӯзгор

Омили баланд гардидани сифати таълим

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Дар кишварамон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва шароити муассисаҳои таълимӣ сол то сол  беҳтар мегардад.

Барномаҳои гуногуни давлатӣ оид ба баланд бардоштани  сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ амалӣ гардида истодааст. Яке аз масъалаҳои умда дар назди аҳли маорифи кишвар баланд бардоштани сифати таълим аст. Аз ин ҷост, ки муносибат ба таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дигар шуд.  Чанд сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ гардидааст, ки бартариҳои зиёд дорад. Ба гумони инҷониб, дар ин замина, пеш аз ҳама, омӯзгор бояд донишу ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, он вақт самари дилхоҳ ба даст хоҳад омад.  Муносибати  босалоҳият ба таълим имкон медиҳад, ки омӯзгор аз методу усулҳои фаъоли таълим ба таври васеъ истифода намояд.  Ман  ҳангоми гузаронидани дарс аз методи гурӯҳбандӣ ва интерактивӣ васеъ истифода менамоям, ки он ҳамкории қавии омӯзгору хонандаро  ба вуҷуд меорад.  Маълум аст, ки дар усули мазкур муҳокима рондан, фаъолияти бештари амалӣ ва хулосабарории хонанда мавқеи асосӣ дорад.

Дарвоқеъ, муносибати босалоҳият ба таълим ба баланд гардидани донишандӯзиву малакаи хонандагон мусоидат менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин низом ҳама хонандагон фаъол мегарданд ва онҳо дар  омода гаштан ба дарсҳо талош меварзанд. Дар баробари ин, усули зикршуда омӯзгорро низ водор мекунад, ки  дар ҷодаи омӯзиш пайваста талош намояд ва  аз методу шева ва роҳҳои гуногуни таълим  истифода кунад. Хушбахтона, дар аксар муассисаҳои таълимии кишвар тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорон ҳангоми гузаштани дарсҳо аз онҳо фаровон истифода мекунанд. 

Бартарии дигари ин низом дар он аст, ки мустақилияти бештар ба хонанда дода мешавад ва ӯро водор менамояд, ки  пайваста омӯзад.  Ин, аз як тараф, тарсу ҳаросро аз ниҳоди хонанда  дур мекунад ва аз ҷониби дигар, шавқу завқашро ба омӯзиш бедор менамояд. 

Мо, омӯзгорон, мебояд баҳри  баланд бардоштани сифати таълим ва ба омӯзишу мутолиа ҷалб намудани хонандагон кӯшишу талоши бештар намоем.

Муҳаббатхон ЮСУФОВА,

омӯзгори литсейи №3 барои

хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш