Нашрияи Омӯзгор

СИР ва низоми маориф

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Бардоштҳо аз ширкат дар аввалин конфронси Осиёи Марказӣ оид ба саводнокии иттилоотии расонаӣ

15-16 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аввалин конфронси Осиёи Марказӣ оид ба саводнокии иттилоотӣ (#CAMILCon 2019) дар мавзӯи «МедиаСабак: эҷод мекунем, ҳал мекунем, ҷалб мекунем» баргузор шуд, ки дар он беш аз 150 нафар намояндаи созмонҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ, омӯзгорон ва хонандагон аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин, коршиносони соҳаи маорифу ВАО аз Финляндия, Муғулистон, Россия, Украина ва Олмон ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории конфронс ворид кардани унсурҳои саводнокии иттилоотии ВАО дар низоми маориф тавассути рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ ва истеъмоли оқилонаи иттилоот дар заминаи чолишҳои ҷаҳонии иҷтимоӣ буд.  Дар қисмати расмии конфронс дар қатори дигар иштирокдорони расмӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Канибек Исаков суханронӣ кард.

 «Медиа» ё «СИР» яъне чи?

Одатан дар ҷомеаи мо истилоҳи «медиа» ва «СИР» (саводнокии иттилоотии расонаӣ)-ро ба журналистика рабт медиҳанд. Пӯшида нест, ки то ширкат дар ин конфронс ману дигар ҳамсафаронам ҳам андеша доштем, ки конфронс барои журналистон ва алоқамандони соҳаи журналистика созмон дода шудааст. Аммо зимни ширкат дар конфронс андешаи дигаре ҳосил шуд, ки «медиа» ва «СИР» фаротар аз он аст, ки мо меандешидем ва мепиндоштем. Тамоми коршиносону муҳаққиқон ва иштирокдорон мегуфтанд, ки «медиа» ё «СИР» журналистика нест, балки журналистика як ҷузъи инҳост. «Медиа» ё «СИР» фарогири тамоми соҳаи маориф аст. Ба таври содатар ҳам мефаҳмониданд, ки муоширати ду нафар худ «медиа» аст; либос, хӯрок, ашёи зарурии истифодабаранда, умуман, ҳар он чи инсонро иҳота кардааст, «медиа» аст. Зимни мубоҳисаҳо баҳс ҳам ба миён омад, ки ба хотири содатару фаҳмотар шудани истилоҳҳо шояд ба ҷойи «медиаграмотност» истилоҳҳои дигар-«медиаобразования» ё «медиапедагогика» қабул гардад.

СИР ва таҳсили босалоҳият

Тайи чанд соли охир дар соҳаи маорифи кишвар низоми таҳсили босалоҳият татбиқ шуда истодааст. Имрӯзҳо тамоми китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ, нақшаву барнома дар доираи низоми таҳсилоти босалоҳият таҳия гардида истодаанд. Монанд ба низоми таҳсилоти босалоҳияти мо, Ҷумҳурии Қирғизистон низоми саводнокии иттилоотии расонаиро татбиқ карда истодааст ва барои татбиқи он консепсияи вижаеро низ барои солҳои 2018-2040 таҳия ва қабул кардааст.

Зимни суҳбат бо коршиносони қазоқу қирғиз ва украинӣ андешаеро низ иброз доштанд, ки чор салоҳияти низоми босалоҳияти татбиқшаванда дар Тоҷикистон яке аз салоҳиятҳои СИР аст, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ татбиқ мегардад. Ишора шуд, ки саводнокии иттилоотӣ салоҳиятҳои зеринро доро мебошад, ки мебоист барои татбиқи он дар низоми маорифи мо низ чора андешида шавад: хондану навишта тавонистан; муайян ва эътироф кардани зарурати маълумот; муайян кардани манбаъҳои иттилоот; пайдо кардан ва ҷустуҷӯ кардани маълумот; таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати маълумот; тартиб додан, нигоҳ доштан, маълумотро гурӯҳбандӣ намудан; аз нигоҳи ахлоқию самаранокӣ маълумотро бо касбият истифода намудан; идеяҳои навро эҷод ва паҳн намудан; рушди тафаккури интиқодӣ ва таҳлилӣ-баландбардории малакаи фаҳмиш бо истифода аз абзорҳои гуногуни таҳлилу тафсир ва баҳодиҳии маълумот ва мундариҷаи он.

Аз ҳама салоҳияти муҳиме, ки ҳангоми машғулиятҳо бештар омӯзгорони ҳамсоякишварҳои мо - Қазоқистону Қирғизистон мавриди истифода қарор медиҳанд, ин салоҳияти тафаккури интиқодӣ ва таҳлилӣ мебошад. Яъне, тавассути ин салоҳият омӯзгор хонандаро водор месозад, ки ҳисси кунҷковиаш бедор гардад ва маълумоти дарёфтаашро пеш аз ҳазм кардану дар ҷойе истифода намудан ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ кунад. Коршиносон низ ба ин андешаанд, ки маҳз рушди тафаккури таҳлилию интиқодӣ метавонад хонандаро дар ин ҷангҳои иттилоотию ҳамлаҳои киберӣ наҷот диҳад.

СИР ба сифати фанни алоҳида?

Дар конфронс, ҳамзамон, китоби “Саводнокии иттилоотӣ ва расонаӣ” дастраси иштирокдорон гардонида шуд, ки ҳамчун маводи ёрирасон барои омӯзгорони синфҳои 9-11 пешбинӣ шудааст. Китоб бо забони русӣ ва қирғизӣ нашр шуда, омӯзгорони синфҳои 9-11-и ҳамаи фанҳои таълимӣ метавонанд аз он истифода намоянд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорони қирғиз маълум гардид, ки СИР-ро ҳамчун соатҳои алоҳида дар дохили дигар фанҳои таълимӣ ба хонандагон меомӯзонанд ва дар назар аст, ки аз солҳои минбаъда ҳамчун фанни алоҳида омӯзонида шавад. Дар дигар кишварҳо, аз ҷумла,  Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳатто, ба сифати фанни алоҳида ва дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба сифати курсу семинарҳои махсус таълим дода мешавад.

Муаллифони дастур, ки дар конфронс ширкат доштанд, мегуфтанд, ки дар робита бо баланд шудани сатҳи рақамисозӣ дар бисёр соҳаҳо шумораи корбарони Интернет низ рӯ ба афзоиш аст. Аз ин ҷост, ки хавфи паҳншавии маълумоти бардурӯғ, нодуруст ва ғайриқонунӣ, инчунин, таҳдид ба амнияти иттилоотии худи истифодабарандагон зиёд мебошад. Боиси таассуф ин аст, ки аксар вақт дар ин гуна бархӯрдҳо бештар кӯдакон ва наврасон қурбонии мундариҷаи он мегарданд. Аз ин рӯ, муаллифон умедворанд, ки ин дастури омӯзишӣ ва дар умум, ҷорӣ кардани фанни таълимӣ ба синфҳои болоӣ дар ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ, таҳлилӣ ва интиқодӣ кумак хоҳад кард. Ин фан ба наврасон асосҳои киберамниятро таълим медиҳад ва муносибати оқилонаю рафтори дурустро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меомӯзонад.

Чӣ тавр метавон дарсро шавқовар гузаронид?

Яке аз ҳадафҳои роҳандозии СИР ин тавассути бозиҳои гуногуну шавқовар доир кардани дарсҳо мебошад. Дар давоми ду рӯзи конфронс иштирокчиён тавонистанд дар ҳафт мастер-класс, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи СИР дар низоми маориф доир карда шуд, ширкат варзанд. Мутахассисон тавассути мастер-классҳо нишон медоданд, ки чӣ тавр метавон тавассути бозиҳои гуногун дарсҳоро шавқовару фаҳмотар доир кард. Масалан, дар рӯзи аввал коршинос аз Қазоқистон Татяна Голубсова тавассути бозии “ҷангали ваҳшии иттилоотӣ” машғулиятеро доир кард, ки ҳадаф аз он раҳгум назадан дар ҷангҳои иттилоотӣ, дуруст интихоб намудани маълумоти зарурию манфиатнок ва ҳифзи арзишҳо унвон мешуд. Ё ассистенти профессори журналистикаи Донишгоҳи миллии Академияи Острог аз Украина Сергей Штурхетский дар бораи он ки чӣ гуна идеяҳои навро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар таълим тавлид кардан мумкин аст, ба таври возеҳ ва пуртаъсир баромад кард.

Ин ва дигар машғулиятҳое, ки тавассути ташкил кардани бозиҳо аз ҷониби Олга Фролова, Иван Печишев, Ирина Жилавская, Чоробек Сааданбек пешниҳоди иштирокдорон карда шуд, танҳо як ҳадаф доштанд-ҷалб намудани хонандагон ба дарс ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим.

“Гурдофарид”-е, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард

Дар рафти конфронс, инчунин, муҳокимаҳои панелӣ сурат гирифт, ки ширкаткунандагон-намояндагони ташкилоту созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ доир ба фаъолияти худ ҳисобот дода, мубодилаи таҷриба карданд ва ғояҳои навро оид ба пешбурди СИР дар низоми маориф ба роҳ монданд. Коршиносони байналмилалӣ бештар аз таҷриба ва муваффақияти худ, ки дар асоси стратегияҳои миллӣ ва глобалӣ оид ба татбиқи СИР дар низоми маориф ба даст овардаанд, ҳарф  заданд.

Дар кори конфронс дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва журналистӣ, аз Тоҷикистон роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” Раҳбар Маҷидова низ ширкат дошт. Зимни муаррифии дастовардҳо Р.Маҷидова иттилоъ дод, ки ТҶ “Гурдофарид” дорои 4 маркази таълимӣ мебошад, ки он дар ҷамоати Хистеварз, шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ҷойгир шудаанд. Дар марказҳои мазкур омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер, гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб, курсҳои пазандагию дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.

ТҶ “Гурдофарид”, ки дар вилояти Суғд фаъолият мебарад, воқеан корҳоеро анҷом додааст, ки боиси дастгирист. Чунончи, аз соли 2015 то соли 2019 барои 96 нафар хонандаи синфи 9-и ҷамоати Хистеварз ва шаҳраки Ғафуров, шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, ки аз оилаҳои камбизоат, ятим, маъюб ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта мебошанд, аз рӯи барномаи “Дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ” дарсҳои забони англисиро ба таври ройгон доир кардааст. Дар асоси лоиҳаи “Ман низ аъзои ҷомеа ҳастам”, ки ба шахсони имконияташон маҳдуд нигаронида шудааст, гурӯҳи муайяни ин категорияро ҷалб намуда, ба онҳо дарси забони англисию курси компютериро омӯзонида, баъди хатми курси 3-моҳа ба ҳар кадом планшет ҳадя кардааст. Ин лоиҳа, ҳатто, барои бо ҷои кор таъмин шудани онҳо кумак расонидааст.

Доир кардани курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои рӯзноманигорони вилояти Суғд, тавассути лоиҳаи “Маркази дастгирии занон” ба 675 нафар занон ва духтарон омӯзонидани касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Пазандагӣ” ва “Кор бо компютер”, дар доираи лоиҳаҳои саводнокии расонаӣ баргузор кардани курсҳо, тренингҳо, лагерҳои тобистона ва мактабҳои лидерӣ, ҳамасола таҳсил намудани зиёда аз 600 нафар хонанда ва омода намудани онҳо барои имтиҳони байналхалқии “TOEFL” ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар, дар доираи татбиқи низоми таҳсилоти босалоҳият доир кардани курсҳои омӯзишии забонҳои русию англисӣ барои омӯзгорон, фарзандони оилаҳои камбизоат доир кардани курсҳои омӯзишии ройгон аз фанҳои забонҳои русию англисӣ ва компютер аз зумраи корҳоенд, ки ташкилот тӯли фаъолияти чанд соли охири худ роҳандозӣ кардааст.

Омӯзгори тоҷике, ки дар

озмун ғолиб омад

Созмондиҳандагони конфронс дар оғоз иттилоъ доданд, ки чанд моҳ қабл барои омӯзгорони қирғиз дар самти таҳияи беҳтарин дарс бо истифода аз унсурҳои СИР озмун эълон гардида буд, ки ба он беш аз 70 дархост пешниҳод шуд ва дар қисмати ҷамъбастӣ аз он натиҷагирӣ карда мешавад. Яке аз бахшҳои маросими ҷамъбастии конфронс дар қатори тақдими сертификат ба иштирокдорон, ҷамъбасти озмуни фаъолтарин иштирокчии конфронс, саҳм гузоштан дар рушди СИР дар Осиёи Марказӣ ин қадрдонии ғолибони озмун барои омӯзгорон буд.

Суҳроб Собиров, омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқи гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барои истифодаи унсурҳои СИР дар дарси Асосҳои давлат ва ҳуқуқ  дар озмуни мазкур ғолиб омад. Суҳроб Собиров бо вуҷуди омӯзгори ҷавон будан, ҳоло барномаи махсуси маҷмӯи тестҳоро аз фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ таҳия намуда, пешниҳоди хонандагону донишҷӯён ва довталабон намудааст. Илова ба ин, як маводи ёрирасон барои истифодаи терминҳо, ду маводи ёрирасон дар самти СИР ва дар системаи Андроид барномаи “Медиамушовир”-ро таҳия намудааст, ки ҳамагон метавонанд аз он истифода намоянд. Барномаи “Медиамушовир” аз бозӣ барои хонандагон иборат буда, дар шакли тест-бозии шавқовар таҳия шудааст. Инчунин, сомонаи “Медиаомушовир.тҷ”-ро созмон додааст, ки дар он дарсҳои видеоӣ, аудиоӣ, матнӣ ва инфографикӣ ҷой дода шудааст. Ин сомона на танҳо барои омӯзгорону ҳонандагон, балки шахсони имконияташон маҳдуд, ки мехоҳанд, савияи донишҳои ҳуқуқии худро сайқал диҳанд, пешбинӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки бо вуҷуди озмун барои омӯзгорони қирғиз эълон шудан, дастовардҳои С.Собиров мақбули кумитаи тадорукотӣ гардида, ӯро бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ намуданд.

Хулоса ё чанд пешниҳод...

- Маркази дастгирии ВАО ва Академияи DW як кори бузурге анҷом медиҳанд: мусоидат ба баланд бардоштани саводнокии иттилоот дар тамоми Осиёи Марказӣ. Ба туфайли дилгармӣ, қувва ва эътимоди онҳо ба кор, саводнокии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, фарҳанги истифодаи рақамӣ ва тафаккури интиқодӣ рушд меёбад,- гуфт Саида Сулаймонова, роҳбари Маркази рушди рӯзноманигории муосир аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мубоҳисаҳо.

Воқеан ҳам, доир кардани чунин конфронс ва ҷалби коршиносону омӯзгорону хонандагон бори дигар дар соҳаи маориф ва низоми таълиму тарбияи насли нав такони тоза мебахшад.

Илова ба андешаҳои боло ва мушоҳидаву хулосаҳое, ки дар чанд рӯзи ширкат дар конфронсу ҳамсуҳбат шудан бо коршиносони минтақавӣ ҳосил шуд, мехоҳам дар чанд самт пешниҳодоти худро иброз дорам:

1.  Пеш аз ҳама, зарур аст, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм бо истифода аз муҳаққиқоти соҳаи СИР барои омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълимӣ дастури махсуси ёрирасон таҳия гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён гардонида шавад.

2. Роҳандозии соатҳои омӯзишии алоҳида ҳангоми курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон. Яъне, баъд аз таҳияи китоб ё дастури ёрирасон метавон тавассути курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки омӯзгорон аз он мегузаранд, тавассути соатҳои алоҳида зарурияти СИР-ро ба омӯзгорон фаҳмонид. Омӯзгор унсурҳои СИР-ро дар якҷоягӣ бо таҳсилоти босалоҳият ҳангоми машғулиятҳо татбиқ месозад.

3. Дар доираи татбиқи низоми таҳсилоти босалоҳият таълим додани соатҳои алоҳидаи СИР дар дохили дигар фанҳои таълимӣ. Ҳар омӯзгор метавонад дар дарсҳои худ унсурҳои СИР-ро истифода намояд ва ба таври васеъ онро роҳандозӣ созад.

4. Омӯзиши таҷрибаи Ташкилоти ҷамъияти “Гурдофарид” ва паҳн намудани он байни марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ ба монанди Суҳроб Собиров зиёданд омӯзгорони ҷавоне, ки истеъдоду қобилияти хуб доранд. Месазад, ки дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ё Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ин гуна омӯзгоронро ҷамъ намуд ва аз донишу маҳорату таҷрибаву идеяҳои онҳо истифода кард.

6. Тавассути дарсҳои технологияи информатсионӣ омӯзонидани фарҳанги истифодаи Интернет, компютер, планшет ва телефон барои хонандагон. Пӯшида нест, ки мо истифодаи телефонҳои мобилию планшетро дар раванди дарс манъ кардаем ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Яъне, дар ҷараёни дарс хонанда бояд ҳушу ёдаш ба омӯзгор ва дарс бошад. Аммо паҳлуи дигари масъала ин аст, ки хонанда ба истиснои 4-6 соати дарсӣ дигар пурра пойбанди телефону планшету компютеру Интернет аст. Ҳатто, метавон таҷрибаи дигар кишварҳоро истифода бурд-созмон додани марказҳои махсуси омӯзишӣ, ки на танҳо ба хонандагон, балки ба волидайн фарҳанги истифодаи технологияи муосирро бо мақсади ҳифзи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва милливу давлатӣ меомӯзонанд.

7. Бо мақсади рушди саводи расонаӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа дар самти СИР дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои журналистӣ, монанди Internews, IWPR, НАНСМИТ  ва дигарон созмон додани чунин конфронси сатҳи баланд ва ҷалби коршиносону мутахассисон аз дохил ва хориҷи кишвар.

Эҳсони ХУШБАХТ,

Душанбе-Бишкек-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш