Нашрияи Омӯзгор

«Одам нашавад магар касе аз мактаб»

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ, рушду тавқият ёфт. Қисми зиёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз нав сохта шуда, дар аксари муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтанд. М. Орифзода,  мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ иттилоъ дод, ки дар ноҳия ҳаракати сарпарастии соҳибкорони маҳаллӣ созмон ёфтааст.

Яке аз омилҳои таҳкимбахши корҳои сохтмонӣ гузаронидани аксияи таъмири мактаб таҳти унвони «Одам нашавад магар касе аз мактаб» аст, ки характери оммавӣ гирифта, дар ноҳия амалӣ гардид. Дар аксия теъдоди 60 нафар соҳибкори маҳаллӣ дар корҳои сохтмонию бунёдкорӣ ва ободонию созандагии муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Дар соли сипаригардида бо ёрӣ ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Қосим Назаров сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №65 дар назди муассисаҳои таълимии № 24 (4 синфхонаи иловагӣ барои 120 ҷойи нишаст) аз ҳисоби соҳибкор К. Давлатов, №32 (8 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст) соҳибкор Ш. Қурбонов,  №38 (2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст) аз ҳисоби кумитаи падару модарон, №52 (12 синфхонаи иловагӣ барои 220 ҷойи нишаст) соҳибкор Давлатзода Нусратулло,  №53 (10 синфхонаи иловагӣ барои 250 ҷойи нишаст) аз ҳисоби кумитаи падару модарон, №23 (10 синфхонаи иловагӣ барои 250 ҷойи нишаст) аз ҳисоби соҳибкор С.Қодиров, №37 (10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст), соҳибкор Ш. Шайхов,  №59 (2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст) аз ҳисоби кумитаи падару модарон корҳои сохтмонию бунёдкорӣ давом дорад. Инчунин, бо ёрии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди бинои муассисаи таълимии №38 бунёди  2 синфхонаи иловагӣ барои 50 нафар хонанда дар арафаи анҷомёбист.

Қобили қайд аст, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ М.Абдулҳаева  дар маркази Ҷамоати деҳоти А. Авазов  муассисаи хусусии томактабӣ (бо 600 ҷойи нишаст) сохта шуда истодааст. Ҳамчунин, соҳибкори ватанӣ Қ. Мирзоалиев  тасмим гирифтааст, ки як  муассисаи таълимӣ ва як гимназияи хусусӣ барои 500 нафар хонанда дар Ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиев  сохта, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳоло дар ноҳия дар 35 муассисаи таълимӣ иборат аз 265 синфхона барои 5695 нафар хонанда сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Айнӣ замон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои сохтмонӣ дар 27 муассисаи таълимӣ ва 6 муассисаи томактабӣ идома дорад .

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш