Ба ноҳияи дурдасти Лахш омада, аз чанд мактабу литсей ва коллеҷи омӯзгорӣ дидан кардем. Зимни суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Алимард Мирзоев дарк кардем, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, ҳукумати ноҳия дар соҳаи маорифи ноҳия пешравию дигаргуниҳои назаррасе ба амал омадаанд.
Мудир иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Лахш 33 ҷойи иловагӣ ҷудо гардид ва дар умум, дар соли таҳсили 2019-2020 60 нафар аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умуми ноҳия дар асоси квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар қабул карда шуданд. Айни ҳол дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ 149 нафар (аз ин шумора 75 нафар духтар) дар заминаи квотаи Президентӣ таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 43 нафар тибқи квота ба таҳсил идома дода истодаанд.
-Азбаски дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил бо ду забон-тоҷикӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда шудааст (27 муассиса таълимашон бо забони тоҷикию қирғизӣ ва 14 муассиса таълимашон бо забони қирғизӣ мебошад), мо ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти ҷиддӣ медиҳем -мегӯяд А.Мирзоев ва меафзояд, ки бо ин мақсад таи ду соли охир дар 11 муассисаи таълимӣ, ки таълиму тарбия пурра бо забони қирғизӣ сурат мегирад, синфҳои тоҷикӣ ташкил карда шуданд, ки имрӯз тамоми коргузорӣ, гузаронидани маҷлису ҷамъомадҳо ва чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, бо мақсади татбиқи қонуни мазкур дар 14 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия, ки дар он хонандагон бо забони қирғизӣ таҳсил доранд, тибқи нақша омӯзиши забони давлатӣ роҳандозӣ шуда, хонандагони ин таълимгоҳҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ аз фанни забони давлатӣ таъмин карда шудаанд. Ҷиҳати омӯзиши амиқи забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон ба забони қирғизӣ дарсҳои иловагӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия рӯзҳои сешанбеи ҳафта ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва баргузории чорабиниҳои шавқовари беруназсинфӣ бахшида мешавад. Ба таъкиди мудири шуъбаи маориф, бо мақсади омӯхтану аз худ кардани забони давлатӣ пайваста озмуни «Ман бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанам» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимашон бо забони қирғизӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Яке аз масъалаҳои асосию муҳим дар ноҳия бо мутахассисони ҷавон ва соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсуб меёбад. Чунонки А.Мирзоев зикр намуд, дар муқоиса бо ду-се соли қаблӣ, гарчанде ин мушкил пурра ҳалли худро наёфта бошад ҳам, то андозае норасоии омӯзгорон бартараф карда шудааст. Мо аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ мутахассисони варзидаро ба мактабҳои ноҳия ба кор даъват ва қабул менамоем ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои будубош ва бо хобгоҳ таъмин намудани онҳо шароит фароҳам меорад.
-Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тавонистанд, ки тайи солҳои охир дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла, «Омӯзгори соли Тоҷикистон» фаъолона иштирок варзида, сатҳи донишу таҷрибаи педагогии худро ба ҳампешагон муаррифӣ намоянд, - иброз дошт А.Мирзоев. - Таври мисол, омӯзгори забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Суюндик Наркинов дар озмуни «Омӯзгори сол-2016» иштирок намуда, дар даври минтақавӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин, омӯзгорони забони англисӣ Марфия Субҳонқулова ва Ислом Сафаров дар давоми солҳои 2017-2018 дар озмуни зикршуда ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудани омӯзгорони ноҳия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дар таълимгоҳҳои ноҳия то имрӯз компютерҳои тамғаҳои Пентюм - 1 ва Пентюм -2 мавҷуданд, ки ба сабаби куҳна будан ва дарёфт нагардидани қисмҳои эҳтиётӣ ин компютерҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Шуъбаи маорифи ноҳия бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва ҳукумати ноҳия дар марҳалаи аввал 102 адад компютер харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия намудааст.
-Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ имрӯз моро қаноатманд карда наметавонад. - мегӯяд А.Мирзоев. - Бо ин мақсад мо нақша дорем, ки фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоро беҳтар намуда, бештар хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро ба маҳфилҳои марказ ҷалб намоем. Дар ин масъала бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону устодон ва падару модарони хонандагон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондаем. Фаъолияти Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф, ки 9 нафар корманд дорад, ҷолибу самарабахш буда, дар он 23 маҳфил амал мекунад. Мутаассифона, ин марказу марказҳои дигар бинои алоҳидаи худро надоранд. Раванди сохтмону азнавсозии бинои муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза пайдо намуда, соли ҷорӣ бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва иқдоми сокинони деҳаи Қарчин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, ки дар он 221 нафар хонанда таҳсил мекунад, бинои нави таълимӣ барои 100 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бунёди бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳаи Ҷиргатол ва бинои мактаби №31 дар деҳаи Қарашӯра аз иқдом ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илми кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди ноҳия панҷ синфхонаи иловагӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, муассисаҳои томактабӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол, Янгишаҳр, Пилдон ва Муксу аз нав таъсис дода шуда, сохтмони бинои муассисаи томактабӣ дар деҳаи Ҷаилғани Ҷамоати деҳоти Лахш идома дорад.
Ба тасдиқи мудир, дар масъалаи зимистонгузаронӣ корҳори зиёде ба сомон расонида шуда, тӯли 5 соли охир тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия бо ангиштсанги аълосифат ва ҳезуму маводи сӯхт таъмин карда шудаанд. Дар ин масъала низ, гарчанде боришоти зиёди барф ва сардиҳои фасли зимистон тӯлонӣ бошад ҳам, мушкилот вуҷуд надорад. Мудир, ҳамчунин, дар хусуси маблағгузории соҳа, пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дурнамои соҳаи маорифи ноҳия ҳарф зада, изҳори умедворӣ намуд, ки камбудию мушкилиҳои ҷойдошта марҳала ба марҳала роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Шодӣ Раҷабзод,
Ҳотами Ҳомид,
Душанбе-Лахш-Душанбе
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр