Афкори ҳикматбор дар «Фотиҳат – уш - шубоб»-и Абдураҳмони Ҷомӣ
Эй азиз! Бидон ва огоҳ бош, ки аз суҳбати мардуми поку порсо канор будан нашояд. Наздик будан бо мардуми оқилу доно фазилатҳое дорад. Умри инсон ба чашм задан баробар аст, зудгузар аст. Нафасҳои умр ғанимат бувад. Онро ройгон гузаронидан нашояд. Нақди вақтро ба донишандӯзӣ ва худшиносию растагорӣ сарф бояд намуд. Дар ҳалқаи «исонафасон» бояд буд:
Магусил як нафас аз суҳбати исонафасон,
Нақди анфос азиз аст, ғанимат дораш.
Шарифтарин махлуқи рӯи олам одамизод аст. Махлуқеро Худованд мисли одамизод донову зебо наофаридааст. Қадри хеш бишнос. Аз риёву мунофиқӣ, хушомаду чоплусӣ, фитнаву найранг ва сарафкандагиву шармсорӣ барҳазар бояд буд:
Бишнос қадри хеш, ки покизатар зи ту
Дурре надод парвариш ин обгун садаф.
Умри инсон ганҷина аст. Ҳар нафаси мо гавҳаре аз он ганҷ. Ҳоло ки ин гавҳар ба дасти мост, аз он сазовор истифода бояд бурд: Дар ҷодаи омӯзиш, хизмат ба халқу Ватан, некиву роҳатрасонӣ ба мардумони олам. То ин ки дар пирӣ бигӯем, «умрро бар бод надодаем», «дар хоби ғафлат набудаем». Вақти он расидааст, ки ба қадри умр бирасӣ ва мурғи ҷонро дар покизагӣ парвариш кунӣ:
Умри ту ганҷу ҳар нафас аз ӯ яке гуҳар,
Ганҷе чунин нафас макун ройгон талаф.
Нафасҳои умри боқимонда нақдинаест дар ихтиёри мо. Оне, ки соҳиби ақлу ҳуш аст, ин фурсатро бо накукорию парҳезгорӣ ба сар мебарад, шукри бахту саодат ва нишоти мавҷударо мекунад:
Ки эй хоҷа, бархез, к-анфоси умрат
Бувад мояи давлати ҷовидона.
Таҳияи
Мирзосаид Муъминов,
омӯзгори мактаби №25,
шаҳри Хуҷанд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр