Нашрияи Омӯзгор

Навгониҳои соҳаи маориф - талаби замон

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши асосӣ мебозанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он дар асоси натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳа ва бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро дар солҳои 2016-2017 ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия намуд, ки Стандарти фанҳои “Забони модарӣ” ва “Математика” барои синфҳои ибтидоӣ аз ҷумлаи онҳост.

Изҳори сипос аз он менамоем, ки барои мо - омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ кор осон гардад. Тафтиши имсола нишон дод, ки ҳолати омӯзиши дарсҳои забони модарӣ ва математика хуб ба роҳ монда шудааст. Сарчашмаи муваффақиятҳо такя намудани омӯзгорон ба раҳнамоҳои фаннӣ мебошад.  Раҳнамоҳо дар асоси муносибати босалоҳият дар таълим омода ва навишта шуда, омӯзгоронро водор мекунад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошанд.

Ҳамчунин, дар охири ҳар дарс омӯзгорон мавзӯъҳои нав ва гузаштаро бо саволҳои “Чӣ нофаҳмо буд? Ба чӣ шубҳа доред? Хулосаи шумо чист? Ба фикри ман...” ҷамъбаст менамоянд, ки дар натиҷа хонандагон мустақилият нишон дода, нофаҳмиҳои худро муайян мекунанд. Мо, омӯзгорон, дараҷаи дониши хонандагонро арзёбӣ намуда, ба онҳо баҳо мегузорем.

 

Ниссо Мирзоева,

омӯзгори синфҳои ибтидоии 

литсейи инноватсионии “Душанбе”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш