Нашрияи Омӯзгор

Хатари ҷиддӣ ба ҳаёти инсон

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

ВНМБ (ВИЧ-СПИД) вируси норасоии масунияти бадан ном дорад. ВНМБ яқе аз проблемаҳои асосии замони ҳозира ба шумор меравад, зеро ин беморӣ дар саросари ҷаҳон паҳн гардидааст.

Ҳар сол дар ҷаҳон 1-уми деқабр рӯзи мубориза бо ВНМО (ВИЧ-СПИД) қайд мегирад. Мо, омӯзгорон, бахшида ба ин рӯз соатҳои тарбиявӣ, баромадҳо дар ҷамъомадҳои нисфирӯзӣ ташкил мекунем.

Бемории ВНМО аз лаҳзаи дохилшавии вирус ба организми одам cap мешавад. Солҳои зиёд ин вирус дар организми маймунҳо мушоҳида мешуд. Аввалин маротиба ин вирусро солҳои 80-уми асри 20 дар ИМА мушоҳида қардаанд. Мувофиқи ақидаи олимон, ин беморй ҳанӯз соли 1960 дар Африқо пайдо шудааст, қи барангезандааш маймунҳо ба ҳисоб мерафтанд. Одамон оид ба вуҷуд доштани ин вирус танҳо солҳои 80-уми асри XX огоҳӣ ёфтанд. Дар яқ муддати кӯтоҳ он тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва ҳоло зиёда аз 60 млн одам ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аз ин теъдод 20 млн нафар ба ҳалоқат расидаанд.

Мувофиқи мушоҳидаҳои мутахассисони ҷаҳон, дар сайёраи замин қариб 8 фоизи ин беморӣ дар Аврупои Шарқӣ паҳн шудааст.

Дар Тоҷиқистон то соли 2006 549 нафар гирифтори бемории ВНМБ шуда фавтиданд. ВНМБ ба воситаи даст фишурдан, дар оғӯш гирифтан, аз яқ табақу қоса хӯроқ хурдан, дар вақти истифода бурдани яқ ташноб, оббозй қардан, ҳангоми газидани хомӯшақҳо ва ғайра аз шахси сироятшуда ба шахси солим намегузарад, яъне ба воситаи муоширати байни одамони ВИЧ сироят намеқунад.

ВНМБ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои истифодашуда, наҷӯшонида ва дигар асбобҳои сироятшуда, ҳангоми гузаронидани хуни сироятшуда ё ивази узвҳои донорӣ, аз модари дорои ВНМБ ба кӯдак дар вақти ҳамл, таваллуд ва ширдиҳӣ, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ сироят мекунад. Эпидемияи ВНМБ-ро на барои он ҷавон мегӯянд, қи солҳои наздиқ пайдо шудааст, балқи вай дар навбати аввал ба ҷавонон зарба мезанад. Аз нисф зиёди ҳодидасҳои сироят шудан дар ҷавонон аз синни 16 то 24 - сола ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, ҷавонон дар бораи ВНМБ ба қадри қофӣ маълумот надоранд. Ҳар рӯз бештар аз 6000 ҷавон ба ин ҳодиса рӯ ба рӯ меоянд. Барои мубориза ба ВНМБ дар ҷаҳон захираҳои зиёд сарф мешавад, леқин то ҳол роҳҳои пурсамари табобат аз ВНМБ-ро пайдо нанамудаанд. Доруҳое пайдо шудааст, қи танҳо умри чунин беморро дароз меқунад. Тестҳои босамар ҳангоми гузаронидани хун ва ивази ҷисмҳои хунгузар сирояти ВНМБ-ро пешгирӣ менамоянд. Солҳои пеш ВНМБ бемории марговар ба ҳисоб мерафт, аммо сол то сол вазъият беҳтар мешавад,

Доруҳои зидсиретровирут вирусро дар организми одам нобуд намекунанд, балқи афзоиши онро дар организм бозмедоранд, вазъи зиндагии шахси сироятшударо беҳтар намуда, умрашон ва қобилияти меҳнатиашонро дароз менамоянд. Шахси сироятшуда аз одамони солим ягон фарқият надорад. Солҳои дароз онро муайян қарда наметавонӣ, онро фақат ташхиси лабораторй муайян меқунад.

Ҳар яқ шахс бояд вазъи саломатии худро оид ба ВНМБ донад. Муоинаро дар марказҳои СПИД, қи дар онҳо утоқҳои махфӣ мавҷуданд, гузаштан мумқин аст. Вазифаи мо, омӯзгорон, аз он иборат аст, қи ба хонандагон ва наврасону ҷавонон хатари ин вабои асрро бо тамоми паҳлуҳояш ёдрас шавем ва онҳоро аз ҳар гуна ҳарақатҳои ноҷо нигоҳ дорем.

 

Севарой Тағойбекова, омӯзгори биологияи мактаби №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш