Нашрияи Омӯзгор

Оё иҷрои барнома қонеъкунанда аст?

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Чаро “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи матлаб амалӣ намешавад?

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар самти технологияи иттилоотӣ мушкилию норасоиҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зиёданд. Ҷ. Идиев, мутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон, изҳор дошт, ки ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни технологияи иттилоотӣ, ба талаботи техникӣ мувофиқ набудани синфхонаҳои компютерӣ, ҷавобгӯ набудани заминаи моддӣ ва техникии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, инчунин, бахшҳои хизматрасонии компютерӣ, маблағгузории воҳидҳои кории марказҳо, бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин набудани синфхонаҳои компютерӣ, ҳамзамон мувофиқи матлаб истифода нашудани синфхонаҳои компютерӣ ва компютерҳо дар муассисаҳои таълимии чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят нигаронкунанда аст.

Агар ба ин масъала дар умум назар намоем, қисмате аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ бо синфхонаи компютерӣ ва компютер таъмин мебошанд, аммо бо сабабҳои фаҳмиши кофии компютерӣ надоштани бархе аз омӯзгорон ва ё аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани компютерҳо ба таври амалӣ фанни технологияи информатсионӣ ба хонандагон омӯзонида намешавад.

Ҳабибулло Назаров, хонандаи синфи 11, ки рақами муассисаи таълимияшро ифшо намудан нахост, изҳор дошт, ки дар мактаби мо синфхонаи компютерӣ ҳаст, аммо қисмате аз компютерҳо вайрон мебошанд. Қисмати дигари компютерҳоро иҷозаи кор кардан ва ё истифода намудан намедиҳанд. Омӯзгори технологияи информатсионӣ бар он назар аст, ки агар мо компютерро истифода кунем, вайрон мешавад.

- Баъзан зимни дар синф будани омӯзгор компютерро фаъол мекунанду барномаи word – ро мекушоянд ва мегӯянд, ки печат карданро ёд гирем, - афзуд Ҳ. Назаров. - Доиман кори ман ҳуруфчинӣ кардан аст. Вале аз компютер истифода накарда ва истифодаи онро наомӯхта, дар ин росто чи гуна муваффақ мешавем?

Шаҳноза Қурбонова, омӯз-гори технологияи инфор-матсионӣ, гуфт, ҳастанд омӯзгороне, ки хонандагонро назди компютер беназорат мегузоранд ва худашон ба кори шахсӣ машғул мешаванд. Онҳо аз технологияи компютерӣ чандон огоҳ нестанд.

Шерализода Муҳаммад, корманди соҳаи маориф, изҳор дошт, ки сабаби асосии суст рушд ёфтани соҳаи технологияи информатсионӣ дар вилояти Хатлон дар он аст, ки чорабинию озмунҳо кам гузаронида мешаванд. Яъне шакли баргузории озмунҳоро бояд тағийр дод ва наврасону ҷавононро ба таври воқеӣ ба технология ва ихтироот ҷалб намудан лозим аст.

- Сохтани сомонаҳо ва барномаҳои компютерӣ аз тарафи ҷавонон мушоҳида мегардад, аммо ҳавасмандгаронии онҳо ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Масалан, дар вилояти Хатлон ҳамагӣ чанд нафар ба сохтани сомонаҳо машғуланд. Агар компютеркунонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешуд ва барои наврасону ҷавонон озмуну грантҳои хурд дар самти сохтани сомонаҳо, барномаҳои компютеркунонӣ аз тарафи масъулин эълон мегардид ва қадрдонии фаъолон сурат мегирифт, дар ин росто муваффақ мегаштем, - гуфт М. Шерализода.

Мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки 605 нафар омӯзгори технологияи информатсионӣ аз курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд. Муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят бо 22634 компютер ва 3885 принтер таъмин карда шудаанд.

Марказ 1534 адад компютери корношоями муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъмир кард.

Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, қисмате аз шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи хариди тахтаҳои электронӣ ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Хусусан, ноҳияҳои Носири Хусрав 7, Вахш 17 ва Хуросон 23 ададро тибқи нақша ба мактабҳо дастрас накардаанд.

 Масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз доштанд, ки 7 марказ, аз ҷумла, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин бо бинои алоҳида таъмин ва марказҳои  Бохтар, Левакант, Данғара, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Муъминобод, Ховалинг, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Вахш, Хуросон бо бинои алоҳида таъмин нестанд. Масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳо мусоидат кунанд ва баҳри рушди соҳа аз имконияти мавҷуда ба таври зарурӣ истифода кунанд.

 

С. Азизӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш