Нашрияи Омӯзгор

Дасти ҳунарманд болост

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад.

Ин иқдомро мардуми Тоҷикистон хуб истиқбол намуданд. Мардуми мо аз қадим ҳунарҳои чӯбтарошӣ, гулкорӣ дар чӯб, оҳангарӣ, сандуқсозӣ, табақтарошию гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, аз сангҳои рангоранги кишварамон тайёр намудани марҷону муҳраву дастбанду мӯйбандҳо ва ғайраро доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳунар дар ҳама давру замон чун шиносномаи ҳар қавму миллат буд  ва ҳунарманд обрӯманду болонишин маҳсуб меёфт. Гузаштагони мо ҳам ҳунарро арҷ мегузоштанд ва хушбахтона, ин анъанаи неки падару модаронро фарзандон имрӯз идома медиҳанд.  Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и  Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар бораи чандин устоди санъат,   наққоши моҳир ва хаттоту кандакори бузург маълумот дода шудааст. Инсони ҳунарманд  ҳаргиз рӯйи хориро намебинад, нони ҳалоли худро бо шарофати ҳунараш дармеёбад. Он гуна ки Носири Хусрав фармуда: “Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест”. 

Мо - омӯзгоронро лозим аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи ҳунардӯстию ҳунаромӯзӣ тарбия намоем. Аз шогирдони худ насли ояндасозу ҳунарманд бояд ба воя расонд. Рушд ёфтани ҳунарҳои мардумӣ боиси он мегардад, ки чеҳраҳои нави ҳунар пайдо шуда, бештар ҷавонон ба самти ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Бояд ба шогирдон фаҳмонд, ки модари тоҷик аз қадим ҳунарманд буд ва барои фарзандону пайвандонаш пироҳану тоқию миёнбанд медӯхт. Ҳамчунин,  ба зардӯзию, сӯзанидӯзию кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ низ шуғл меварзид,  то соҳиби маблағ гардад. Дар ҳар маҳали Ватани мо, хушбахтона, ҳунармандон бо ҳунари волои худ машҳуранд: масалан, дар Хатлон занону бонувон бештар ба дӯхтани чакан машғуланд, дар Бадахшон бо ҷӯроббофӣ, тӯрбофӣ таваҷҷуҳ доранд, дар Истаравшан бошад, бо ҳунари қолинбофӣ ва кандакорӣ машҳуранд, атласи Хуҷанд диққати чашми ҳазорон касро рабудааст.

Аз ин лиҳоз, дар дарси ҳунаромӯзӣ устодон бояд аз  касбу ҳунарҳои мардумӣ хонандагонро огоҳ сохта, асрори ҳар ҳунарро  барои онҳо бикшоянд. Ба гуфти муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ “Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст ва ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад қадр бинад ва дар садр нишинад, аммо беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад”.

Имрӯз дар таълимгоҳҳои мо омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникӣ хуб ба роҳ монда шудааст, забономӯзии насли наврас низ боиси ифтихор аст, аммо дар баробари ин, бояд насли навраси мо аз ҳунарҳои аҷдоди худ бехабар намонад. Зеро “ба як ҷавон чил ҳунар кам аст” гуфтаанд.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ  асолати миллии мардуми мо болотар рафта, ҳунарҳои аҷдодӣ аз нав эҳё шудаву  ривоҷ ёфтанд. Мирзо Бедил ҳунару фазилати инсонро хеле зебо васф намудааст:

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

 

Ҷамила ҲАҚНАЗАРОВА,

омӯзгори   синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш