Нашрияи Омӯзгор

Рӯе, ки нагардад зи касе…

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» барои ҷалби бештару беҳтари аҳли ҷомеа ба китобхониву донишандӯзӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Бо дарназардошти талаботи низомномаи озмуни мазкур дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе силсилачорабиниҳо, аз ҷумла, суҳбату вохӯриҳо бо шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Камол Насрулло, Ҷӯра Ҳошимӣ, Робиа, Раънои Мубориз, Фархунда ва дигарон баргузор гардид. Ҳамчунин, конфронси хонандагон бахшида ба санаву ҷашнвораҳои таърихӣ ва намоиши китобу мусаввараҳо ташкил карда шуданд. Бахусус, намоиши асарҳои Пешвои миллат ҷолибу шавқангез  ва хотирмон сурат гирифт.

Зикри як нукта ба маврид аст, ки пайдоиши китоб таърихи қадима дошта, имрӯз бо вуҷуди васеъ паҳн гардидани воситаҳои электронии ахбор мавқеи маърифатии худро побарҷой нигоҳ доштааст. Зеро китоб дар ташаккули зеҳниву тарбияи ахлоқии инсон нақши муҳим дошта, ҷаҳонбинии ӯро фарох мегардонад ва ба ташаккулу таҳаввули шахсият ҳаматарафа мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки аҳамияти китоб дар ҷомеаи башарӣ хеле бузург буда, ҷойи онро ягон воситаи дигар иваз карда наметавонад. Китоб дар тарғиби илму адабу фарҳанг нақши калидӣ дорад. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат низ таъкид гардидааст: «Мехоҳам бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобхониву китобдорӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд».

Ташаккули ҷомеаи бомаърифат яке аз унсурҳои давлатдориву ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, тарбия намудани созандагони чунин ҷомеа, яъне насли наврас, бо хонишу дониш фаро гирифтани онҳо вазифаи муҳими ҳар як падару модар, омӯзгору китобдор ва аҳли калонсоли кишвар мебошад. Бахусус, дар шароити муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ тарбия намудани як насли худогоҳу ватандӯст, ки тавони ҳифзи манфиатҳои миллиро дошта бошад, хеле муҳим ва зарур аст. Ин мушкил танҳо тавассути китобу китобхонӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Дар ин ҷода китобхонаҳои мактабӣ саҳми назаррас дошта, барои босифаттар ба роҳ мондани раванди таълим ва тақвияти дониши хонандагон нақши бориз мегузоранд. Аз ин рӯ, бояд китобхонаҳои мактабӣ бо миқдори зарурии адабиёти илмиву таълимӣ ва бадеӣ таъмин бошанд.

Маҳз дар даврони истиқлолият рушди муосири китобдорӣ дар мактабҳо амалӣ гардида, густариш меёбад. Ҳар як китобдори китобхонаҳои мактабӣ барои дастрас намудани китобҳои нав ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона бояд кӯшиш ба харҷ дода, дар ҳамкорӣ бо маъмурияти мактаб, муаллимон, падару модарон бо роҳу воситаҳои гуногун дар дили наврасону хонандагон шавқи китобхониро бедор намояд ва онҳоро ба китобхона раҳнамун созад. Зеро мутолиаи ҳарчи бештари китоб маънавиёти насли наврасро баланд бардошта, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад ва шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву тундрав пешгирӣ менамояд.

 

Бону Шодиева,

мудири китобхонаи мактаби № 18,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш