Нашрияи Омӯзгор

917 тифли маъюб

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ВМКБ 6657 нафар шахси маъ-юб ба сар мебаранд, ки аз ин шумора 917 нафари онҳо атфол мебошанд. Ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони маъюб дар вилоят то андозае роҳи ҳалли худро пайдо кардааст. Дар шаҳри Хоруғ муассисаи таълимӣ- табобатии «Маркази нур» ва дар як қатор ноҳияҳо шуъбаҳои он ба таълиму тарбия ва табобати  кӯдакони имконияташон маҳдуд сари кор доранд.

Дар асоси санҷиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ собит шуд, ки на дар ҳамаи таълимгоҳҳо ва иншооти давлатии шаҳри Хоруғу ноҳияҳои вилоят барои ворид шудану берун баромадани аробачаи маъюбон гузаргоҳи махсус муҳайё шудааст. Чунин масъала дар истифодаи нақлиёти дохили шаҳр низ ҷо доштааст.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш