Нашрияи Омӯзгор

Ашъори рангин

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Чун сухан эъҷоз дорад, шоирӣ пайғамбарист,

То сухан ҷоне бубахшад, хокдонро пок дор …

Ин каломи манзуми пандомез мутааллиқ ба шоири рангинхаёл ва рӯзноманигор, шодравон Убайдуллои Ширин аст.

Дар баробари пешаи пурифтихори омӯзгорӣ охири солҳои 60-уми асри гузашта ба эҷоди шеър гаравиш дошт. То соли 2001 – ум ба толибилмон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Баъд то соли 2014 дар ҳафтаномаҳои «Оила» ва «Боҷу хироҷ» ба сифати рӯзноманигор фаъолият дошт.

Васфи ёру диёр, ситоиши Ватани маҳбуб ва эҳтироми муқаддасоти миллат дар ашъори У.Ширин мавқеи махсус доранд.

Эҷодиёти Убайдуллои Ширин аз дубайтӣ, рубоӣ,  ғазал, мухаммас, маснавӣ ва достон иборат буда, мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ситоиши одаму одамгарӣ, донишу хирад, васфи меҳан, модар, диёри зебоманзара, фарзандони номвар, ишқу вафодорӣ, анъанаҳои миллӣ, ёди бузургони илму адаби тоҷик, поку белоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва  ғайраро дар бар гирифтаанд.

Маҷмӯаи аввалини ашъори адиб соли 1985 ба номи «Водии рангин» аз чоп баромадааст. Сипас, маҷмӯаҳои «Боғи булбул», «Кулбаи афтода бояд рост кард», «Зангӯлаи дор»… ба нашр расидаанд. Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

 Дар маҷмӯаи шеърии «Боғи булбул» беш аз 50 шеъри гуногунмавзӯъ, инчунин, дос-тони «Меҳрубон» ва манзумаи «Ғаюр» ҷой дода шудааст. Манзумаи «Ғаюр» ба хотираи қаҳрамони ҷанги Афғонистон  Ғаюри ёвонӣ бахшида шудааст.

Убайдуллоҳи Ширин ба як силсила  ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Фиғонии Шерозӣ, Фонии Кашмирӣ, Нақибхони Туғрал мухаммас бастааст.

Мавзӯи  ғазалиёти шоир, асосан ишқи поки инсонӣ, рос-тию растагорӣ, васфи баҳору зебоиҳои диёр, инсони некирода мебошад.

Ин забон шаҳдею заҳре, нӯшдору ҳарфи ишқ,

Нӯшбоди дӯстону душманонро пок дор.

Дар  ғазале шоир бузургии модарро чунин ситоиш намудааст:

Хоҳӣ шараф, писарҷон, дарёб ройи модар,

Дар роҳи зиндагонӣ гирӣ дуойи модар.

Мебош дар таҳаммул, бишнида сарзанишаш,

Хоҳӣ биҳишт ёбӣ, афто ба  пойи модар …

Бояд қайд кард, ки шеърҳои чопнашудаи адиб ҳанӯз зиёданд. Заҳмати омӯзгорро, ки хуб дарк мекард, оид ба таърихи мактабҳои ноҳияи Ёвон бо номи «Бунёдгарони маърифат» китоберо ба нашр расонд.

Охирин маҷмӯаи мукаммали адиб соли 2016 ба номи «Кафи сабз» дастраси мухлисонаш гашт.

 

Раҷаб Хӯҷамуродов,

омӯзгори мактаби №45-и

ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш