Нашрияи Омӯзгор

Дипломатияи об ва омилҳои фарогири он

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

25-26 ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дипломатияи об  ва омилҳои фарогири он дар бозтоби воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ»  баргузор гардид.

Мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёри  Қутбиддин  иброз дошт, ки дипломатияи об таърихи куҳан дошта, намунаи аввалини онро 2500 сол пеш аз милод дар ҳудуди имрӯзаи Ироқ (Лагаш ва Умма, дар ҷануби Ироқ) дидан мумкин аст. Яъне инсоният ҳанӯз аз давраҳои қадим дар ин масъала мувоҷеҳи ихтилофу баҳсҳо мегардид. Ба ин манзур, мафҳуми дипломатияи обӣ аз чандин паҳлу (таърих, арзиш, аҳамият ва ғ.) доманаи густурда дорад, ки яке аз онҳо дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ дипломатияи об ба шумор меравад. Ҷаҳонишавӣ дар чанд даҳсолаи охир проблемаҳои обро дар сайёра ба як масъалаи печидаву мураккаб табдил дода истодааст. Даҳсолаҳои «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор», Соли байналхалқии оби тоза, Соли байналхалқии ҳамкорӣ дар соҳаи об тасмимҳои бевоситаи Тоҷикистон дар сатҳи баланди байналмилалӣ мебошанд, ки ба раванди дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири доимӣ дорад. Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ин масъалаи глобалӣ бесабаб нест, зеро 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд.

Конфронс  дар  се бахш - «Бахши васоити электронии ахбори омма», «Бахши матбуот ва публитсистика» ва «Бахши журналистикаи муосир» ҷараён гирифт. Дар он масъалаҳои уфуқҳои дипломатияи об, баҳсҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба об, аҳамияти қатъномаи марбут ба об, баррасии роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об  дар матбуоти тоҷик, мушкилоти оби тоза ва инъикоси он дар телевизион, тавсифи об аз нигоҳи илм, осори публитсистии марбут ба сохтмонҳои азим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва зарурати пажӯҳиши он, инъикоси масъалаҳои об дар ҳафтаномаи  «Омӯзгор»  ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дарвоқеъ, ташаббусҳои байналмилалаии Тоҷикистон  шоистаи таҳсин буда, дар бартараф намудани камбудиву мушкилоти об саҳми бориз доранд. Дар маҷмӯъ, дар ҳамоиш беш  30 маърӯза  муҳокима  гардид.

Шоистаи таъкид аст, ки маърӯзаҳо дар шакли китоби алоҳида ба нашр  ва ба иштирокдорон тақдим гардиданд. Ин китоб асари арзишманд дар шинохти бештари ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз нигоҳи илмӣ мебошад.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш