Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаи вилоятии озмун ҷамъбаст гардид

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Даври вилоятии озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.

Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  аз шахсиятҳои намоён, кормандони масъули идораҳои давлатӣ ва адибону олимон иборат буд.

Дар озмун аз рӯи панҷ номинатсия 90 нафар довталаби ғолиб  аз 18 шаҳру  ноҳияи вилоят иштирок доштанд.

Дар ҷамъбаст дар номинатсияи аввал-аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик, мудири кафедраи  Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон аз шаҳри Бӯстон Осими Оқил, дар номинатсияи дуюм: аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, хонандаи синфи 7-и мактаби 34-и шаҳри Панҷакент Рухшона Норова, дар номинатсияи  сеюм: аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ, хонандаи синфи шаши ноҳияи Деваштич Зебунисои Азизиён, дар номинатсияи чорум: аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон, хонандаи синфи 11-и мактаби 6-и шаҳри Панҷакент  Асламбек Алибеков сазовори  ҷойи аввал гардиданд.

Дар номинатсияи Шоҳҷоиза магистранти курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз ноҳияи Ашт  Моҳрӯ Қурбонзода ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб шуд.

Ба онҳое, ки соҳиби ҷоизаи аввал гардиданд, даҳҳазорӣ, ба нафарони сазовори ҷойи дуюм гардида ҳафт ҳазорӣ ва ба гирандагони ҷойи сеюм панҷҳазорӣ тақдим карда шуд. Соҳиби Шоҳҷоиза бо мукофоти пулии понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Бо қарори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи ҷамъбастии озмун, ки моҳи декабр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе доир мегардад, на танҳо онҳое, ки сазовори ҷойи аввал гардиданд, балки нафарони соҳибони ҷойҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум низ ҳуқуқи иштирок кардан ва бори дигар санҷидани маҳорати худро доранд.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш