Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон - дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Маркази таҳлилии амрикоӣ - Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст.

Дар ин радабандӣ ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

Пажӯҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба  мақомоти ҳифзи тартиботи  маҳали зисташон  бовар доранд, хабар додаст Gullup.

Дар баробари Тоҷикистон, инчунин, Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Ӯзбекистон, Финляндия, Чин, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмӯъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва  68 дарсад  изҳор доштаанд, ки  ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд. Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад  гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтааст ва  6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш