Нашрияи Омӯзгор

Комёбиҳои мураббиёни насли истиқлол

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

21-23 ноябри соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Мураббии сол-2019» баргузор гардид, ки дар он довталабон аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Ҳамоишро муовини ректори донишкада Шоҳсафар Акобиров ифтитоҳ бахшида, ҳайати ҳакамонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Вайсиддин Исмоилов ва мутахассиси шуъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф Розиқ Содиқзода суханронӣ карданд.

Мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои педагогӣ, раиси ҳайати ҳакамон Лутфия Иматова довталабонро бо шарту талаботи озмун шинос намуд.

Сипас, довталабон ба муаррифии фаъолияти касбии хеш пардохтанд. Дар он иштирокдорон корҳои эҷодии худро дар шакли нақшаи корӣ, намунаи машғулиятҳои кушод, маводи методӣ, дастовардҳои касбӣ, мақолаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда, дастурҳои методӣ ва маводи аёнӣ пешниҳод намуданд. 

Мураббии Маркази инкишофи кӯдакони мактаби №20-и ноҳияи Нуробод Бибинозира Қурбонова ба воситаи навори видеоӣ дар бораи фаъолияташ маълумот дод.

Мураббии кӯдакистони №6-и шаҳри Ҳисор Маҳбуба Бадалова нақл кард, ки дар гурӯҳи калон фаъолият бинмудаву дар рафти машғулиятҳо аз васоитӣ аёнӣ фаровон истифода мебарад. Бисёр хубу пурмуҳтаво ҳарф зад.

Давлатпочо Мирзораҳ-матова, мураббӣ аз кӯдакистони №1-и ноҳияи Сангвор гуфт, ки ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз соли 2007 (бо 20 нафар кӯдак) ба фаъолият пардохтааст. Айни замон дар ин ҷо 50 кӯдак дар 2 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. ҷои пинҳон нест, ки кӯдакон шунидани афсонаро дӯст медоранд аз ин рӯ, дар машғулияти «Шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» мекӯшам, ки ба тарбиятгирандагон афсонаҳои ҷолибро нақл кунам.

Мураббии ҷавон аз муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова бо шавқи зиёд изҳор дошт, ки кӯдаконро дӯст медорад, аз ин рӯ, ин касби пуршарафро интихоб кардааст ва беандоза ифтихорманд аст. Бунафша Олимова мураббӣ аз кӯдакистони №1-и ноҳияи Файзобод ба воситаи навори видеоӣ нишон дод, дар гурӯҳи худ чӣ гуна машғулият мегузаронад.

Мураббӣ аз кӯдакистони №6-и шаҳри Роғун Фирӯза Хоҷаева навори видеоӣ надошт, бинобар ин, дар бораи фаъолияти худ ба ҳозирин шифоҳӣ маълумот пешниҳод кард.

Тиловатхон Асоева, мураббӣ аз шаҳри Ваҳдат аз соли 2010 дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №3-«Наргис»  кор карда, дар таълиму тарбияи кӯдакон саҳми бориз мегузорад. Тавре аз гуфтаҳои номбурда маълум гардид, дар давоми ҳафта дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб 17 машғулият баргузор мекунад. Мураббии кӯдакистони рақами 1-и шаҳри Турсунзода Гуландом Назарова таъкид кард, ки агар мураббӣ касби худро дӯст дошта, ба он содиқона машғул шавад, дар самти кор бо тифлакон муваффақ мешавад.

Ширинмоҳ Зиёева, мураббии кӯдакистони рақами 2-и ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, ки барои беҳтар гаштани раванди таълиму тарбия аз рӯзҳои аввали фаъолиятам кӯшиш мекардам, ки кӯдаконро аз ҷиҳати равонӣ биёмӯзам.

Дар иҷрои шарти якуми озмун довталабон Шабнам Сатторова (Шаҳринав), Гуландом Назарова (Турсунзода), Маҳбуба Бадалова (Ҳисор) ва Тиловатхон Асоева (Ваҳдат) аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

Дар шарти дувуми озмун-«Дониш ва маҳорати касбии мураббӣ» саволу ҷавоб дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа сурат гирифт. Дар ин бахш довталабон - Ширин Зиёева (Рӯдакӣ), Шабнам Сатторова (Шаҳринав) ва Гуландом Назарова (Турсунзода) ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дуруст ва саҳеҳ доданд.

Шарти чоруми озмун-«Машғулияти таълимии мураббияҳо» дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №1-«Бунафша»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гузаронида шуд. Машғулиятҳои довталабон Ш. Сатторова, Г. Назарова. Т. Асоева ва Ш. Зиёева ба талаботи барномавӣ пурра ҷавобгӯ буданд. Махсусан, машғулияти Шабнам Саттороваро дар мавзӯи «Ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ»  қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми баргузории он аз компютер ва проектор бисёр ҳадафмандона истифода гардид.

Шарти дуюми озмун аз ҷониби довталабон хуб гузаронида шуд, аммо дар баъзе ҷойҳо камбудиҳо низ ба чашм расиданд. Аз рафти суханрониҳои мураббиҳо бармеомад, ки онҳо мазмуну муҳтавои мавзӯъҳои аз ҷониби ҳакамон пешниҳодшударо дуруст дарк намудаанд, вале аз сабаби надоштани дониши зарурӣ оид ба мавзӯъ ва ташаккул наёфтани маҳорати ҷалб карда тавонистани ҳамсуҳбатон ба баҳсу хулосабарорӣ аксари довталабон мубоҳисаро дар сатҳи касбӣ ташкил карда натавонистанд. Дар иҷрои ин шарт низ  Ширин Зиёева (Рӯдакӣ), Шабнам Сатторова (Шаҳринав), Гуландом Назарова (Турсунзода) ва Тиловатхон Асоева (Ваҳдат) бо ҷавобҳои саҳеҳу пурра имтиёзи зиёде ба даст оварданд.

Аъзои ҳайати ҳакамон фикру андешаҳои хешро ҷиҳати баргузории озмун иброз дошта, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки сатҳи омодагии довталабони сабқат сол ба сол баланд гардида истодааст. Хусусан, иштироки мутахассисони ҷавони бахши таҳсилоти томактабӣ бозгӯи он аст, ки ба ин соҳа ҷавонони воқеан донишманду ҳирфаӣ ҷалб гардида истодаанд.

Пас аз иҷрои ҳамаи шартҳои озмун доварон холҳои довталабонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, Шабнам Сатторова аз ноҳияи Шаҳринав бо 236 хол соҳиби ҷойи аввал, Гуландом Назарова аз шаҳри Турсунзода бо 228 хол соҳиби ҷои дуюм ва Тиловатхон Асоева аз шаҳри Ваҳдат бо 224 хол соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон ва иштирокдорони озмун бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш