Нашрияи Омӯзгор

Оғози фаъолияти «Табассуми офтобак»

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

22 ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» - ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Ин кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардид.

11 синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат, муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Ба роҳ мондани таълим аз рӯи усули нави «математикаи беҳамто» аз бартариятҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» мебошад.

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография созмон дода шуда, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо бошад, машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистон, ҳамзамон, дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони замонавиро туҳфаи арзишманд дар Рӯзи Парчами давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити муҳайёгардида, кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соқибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш