Нашрияи Омӯзгор

Ҳадафи асосӣ: баланд бардоштани сатҳу сифати таълим

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 839        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов (дар оғоз омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №27) беш аз ним аср боз барои кишвари азизамон мутахассисони варзида тайёр менамояд. То имрӯз ин муассисаи таълимиро зиёда аз 184 000 донишҷӯ хатм намудаанд. Оид ба ҷабҳаҳои фаъолияти коллеҷ суҳбате оростем бо директори он, Аълочии маорифи Тоҷикистон Салимҷон Мирмуҳсинов.

- Устоди азиз, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони варзида дар коллеҷ чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

- Нахуст бояд тавзеҳ бахшам, ки дар муассисаи таълимии мо аз рӯи 8 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона дар заминаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва аз рӯи 5 ихтисос дар заминаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ толибилмон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи омӯзгорӣ–муҳандисии муассисаи таълимӣ ба шумор меравад. Барои амалӣ гаштани ин вазифаи пурмасъулият омӯзгорон ба семинар - машваратҳои омӯзишӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, иштирок ба дарсҳои омӯзгорон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам ҷалб карда шудаанд.

Машғулиятҳои омӯзгорони фаъолу навовар дар ҷамъомадҳои назди директор ва Шӯрои методӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, барои густаришбахшии таҷрибаи судманди онҳо тавсияҳо мешавад.

 Барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълим, хусусан, бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон чораҳои зарурӣ андешида шуда, онҳо ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шуданд.

 - Албатта, дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия нақши омӯзгорони соҳибтаҷриба хеле калон мебошад ва оё дар коллеҷ мушкилоти кадрӣ ҳалли худро ёфтааст?

- Дуруст қайд намудед, ки пешрафти таълиму тарбия, пеш аз ҳама, ба фаъолияти пурмаҳсули мутахассисони соҳибтаҷриба вобаста аст. Ба донишҷӯён ва хонандагони коллеҷ 72 нафар омӯзгори дорои маълумоти олӣ дарс мегӯянд, ки аз онҳо 2 нафар номзади илм, 3 нафар аспирант, 2 нафар магистр, 10 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин, 14 нафар устои таълимӣ - истеҳсолӣ барои хонандагон дар заминаи таҳсилоти ибтидоӣ машғулият мегузаронанд. Хушбахтона, муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва тахассусӣ таъмин аст ва аз норасоии омӯзгорон танқисӣ намекашад. Дар соли хониши равон 55 нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома ва сертификат гардиданд.

 - Мехостем дар мавриди комиссияи қабул ва теъдоди донишҷӯёни коллеҷ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона маълумот медодед.

- Дар коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов комиссияи қабули довталабон фаъолияти бавусъат дорад.

Барои пеш бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ аз тарафи роҳбарияти коллеҷ буклетҳо ва варақаҳои ташвиқотӣ тартиб дода шуда, аз тарафи омӯзгорон дар мактабҳои миёна ва ибтидоии касбии миқёси вилоят паҳн карда шуд. Бо ташаббуси комиссияи қабул гурӯҳи кории омӯзгорон ба ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончӣ, Истаравшан, Спитамен, Б. Ғафуров, Ашт, Конибодом ва Исфара сафари хизматӣ намуда, дар байни хатмкунандагони мактабҳо таблиғот бурданд.

Боиси қайд аст, ки қабул ба коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ танҳо ба гурӯҳҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ монда шуд. Довталабоне, ки барои шомил шудан ба муассисаи таълимӣ хоҳиш доштанд, тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

 Дар соли хониши 2018-19 теъдодии умумии донишҷӯёни коллеҷ 1130 нафарро ташкил дод. Аттестатсияи давлатиро 7 нафар бо дипломи «аъло» ва 144 нафар бо дипломи муқаррарӣ хатм карданд.

- Дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ гарави асосии пешрафти кор аст. Барои омӯзиши амалии ихтисосҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар куҷо мегузаронанд ва бо кадом идораву ташкилотҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст?

- Барои беҳтар намудани фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо муассиса, идораву корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Бо назардошти тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, муҳосибот, муҳандисӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти алоқа ва шабакаҳои телевизионӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ғончӣ, Истаравшан, ҶСШК «Тоҷиктелеком», МНА-32, Селхозтехника, Бонки давлатии амонатии «Амонатбонк», Хоҷагии кооперативии А. Саматов, ҶСШК «Бунёд» шартномаҳо ба имзо расонида шуданд.

- Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба тарбияи шоистаи насли наврас, ҷалби толибилмон ба мутолиаи китоб ва ҳолати китобхонаҳо бештар гардид ва дар ин замина дар коллеҷ чӣ корҳое ба анҷом расиданд?

- Китобхонаи таълимгоҳи мо дорои зиёда аз 10000 номгӯй китобҳо мебошад. Китобхона 1 қироатхона барои 50 нафар хонанда дошта, шумораи умумии аъзои он 750 нафар аст. Бо иқдоми маъмурияти коллеҷ танҳо дар соли 2018 зиёда аз 180 адад адабиёти тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳо ва якчанд номгӯй китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ ба маблағи 4000 сомонӣ харидорӣ карда шуд.

 Барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона аз ҳисоби суратҳисоби махсус барои ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, барномасозии иттилоотӣ, муҳосиб, таҳлил ва назорат адабиёти тахассусӣ харидорӣ карда шуд. Барои васеъ кардани қироатхонаи китобхона корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.

- Огаҳӣ гардидем, ки коллеҷ дорои хоҷагии ёрирасон ва минтақаи таҷрибавӣ мебошад. Даромад аз онҳо барои рушди муассиса мусоидат мекунад?

 - Воқеан ҳам, дар мо барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ хоҷагии ёрирасон ва минтақаи таҷрибавӣ мавҷуд аст. Замини таълимӣ дар асоси қарори раиси ноҳия ба зиммаи коллеҷ вогузор гардидааст. Айни замон дар хоҷагии ёрирасони коллеҷ 8 сар моли калон парвариш карда мешавад, даромад аз маблағҳо мувофиқи нақша барои таъмири биноҳо, хариди асбобу анҷом ва воситаҳои таълимӣ, таъмиру тармим, чорабиниҳои коллеҷ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, дастгирии бепарасторон, ятимон ва нафақахӯрон, хариди воситаҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои таълимӣ сарф карда мешаванд.

 Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус 50 адад матрас, 50 адад кӯрпа, 50 адад болишт, 100 адад рӯйпӯш, 40 адад кат, 20 адад ҷевон харида,  ҳуҷраҳои хобгоҳ пурра аз таъмир бароварда шудаанд.

- Сокинони сарбаланди Тоҷикистон ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд. Дар ин самт дар коллеҷ чӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд?

-Хушбахтона, имрӯзҳо ҳама якдилу якҷон баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Ватани азизамон ҷаҳду талошҳои созанда намуда истодаанд. Аҳли таълимгоҳ бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф ва ҳавлии муассиса бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди машғулиятҳои асосӣ ва дар рӯзҳои истироҳат ҳашар ташкил менамоянд. Бо заҳмати донишҷӯён ва омӯзгорон зиёда аз 250 бех дарахти олуча, 200 бех дарахти зардолую себ ва қад-қади шоҳроҳи минтақаи таҷрибавӣ ба масофаи 1000 метр дарахтони сояафкан шинонида, бошишгоҳи саҳроии минтақаи таҷрибавӣ ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуд. Корҳои тармиму таъмир бо сифати баланд иҷро гардида, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо, толори варзишӣ, хобгоҳ, ошхона, китобхона, аз таъмир бароварда шуда, 10 адади ҳуҷраи нави таълимӣ ташкил карда шуд. Гирду атрофи муассисаи таълимӣ пурра чароғон гардид. Дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

Суҳбатнигор

 Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш